Дар нуҳ моҳи охир шумораи аъзои китобхона то 14 ҳазор беш шуд
Нашр шуд 2018-10-17 17:27
Шумори хонандагони китобхо зарфи нӯҳ моҳи сипаришуда 14 ҳазору 259 нафар афзудааст. Аз миёни ҳамаи донишгоҳҳои кишвар донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи ибни Сино бештар ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул шудаанд. Масъулини толрҳои хониш мегӯянд беш аз дигар китобҳо вақтҳои охир китобҳои тиббӣ суроғ карда мешавад. Зарфи нӯҳ моҳ толори адабиёти тиб ва табиатшиносӣ ба 18 ҳазору 873 нафар хонандагон хизмат расондааст.
Таҳлили фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон дод, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрўз ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 160192 нафар хонанда пазируфта шудаанд. Дар нуҳ моҳи соли равон ба узвияти Китобхонаи миллӣ 14259 хонанда пазируфта шуд. Тибқи омори пешниҳодшуда дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи Китобхона беш аз дигар муҳассилони муассиаҳои таълимиву омӯзишӣ донишҷёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1366) ба узвияти Китобхона пазируфта шудаанд. Аз Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон – 1331, аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон – 1008 нафар узви нави Китобхона шудаанд.
Аммо фаъолтарин хонандагон аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ (4363) ва коллеҷҳо ва литсейҳои пойтахти кишвар (1567) мебошанд.
Дар нӯҳ моҳи сипаришуда 314813 нафар ба толорҳои хониш, толори хониши электронӣ, толори маводи мусаббат, феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ташриф овардаанд ва 550066 адад китоб фармоиш додаанд. Теъдоди хоннадагони воридшуда ба толори хониш дар қиёс ба нӯҳмоҳаи соли гузашта 12 ҳазору 407 нафар зиёд аст.
Дар ин нӯҳ моҳ кормандони шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ - иттилоотӣ 496 нусха китоб дар ҳаҷми 402020 саҳифа нусхабардорӣ шуда, мавриди коркард қарор гирифт ва ба формати pdf баргардонида шуд. Китобҳои омодашуда ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир карда шуд. 1023 нусха китоби электронӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тибқи соҳаҳо дар базаи маълумотӣ ва махзани Китобхонаи электронӣ ворид карда шуд.
Сафи хонандагони толори хониши электронӣ дар қиёс ба нӯҳмоҳаи соли 2017 2 ҳазору 359 нафар афзудааст. Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки дар ин нӯҳ моҳ муштариёни толори хониши электронӣ 300678 маводи электрониро истифода карданд. Аз теъдоди умуми хонандагони ин толор 4704 нафар аспирантҳо, 26 ҳазору 562 нафар хонандагони мактабҳои миёна ва 68 ҳазору 960 нафарашон донишҷўёни мактабҳои олӣ мебошанд.