Ду ҳикояи Азизи Азиз
Азизи Азиз барои бачаҳо афсона ва ҳикоя менависад. Чанд китоби латифаю чистонҳояш низ ба чоп расидаанд. Вале бештар чун афсонанавис шинохта шудааст. Дар китобҳои ў «Афсона ва ҳикояҳо» (соли 1989, «Адиб»), «Хандонак» (соли 1998, «Нодир»), “Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул» (соли 1998, «Пайванд»), «Қарзи сарлашкар» (соли 2001, «Адиб»), «Донишманд ва девдарахт» (соли 2010, «Адиб»), «Афсонаи об», «Шаш ва нўҳ», «Саргузашти заргўшак», «Чилпо», «Афсонаи тарс», «Ҷануб кадом тараф аст?» (соли 2013, «Истиқбол») беҳтарин навиштаҳояш гирд оварда шудаанд. Чанд афсонаи Азизи Азиз ба забони ўзбекӣ, русӣ, чехӣ, қирғизӣ тарҷума шудаанд.
Ҳоло аз китоби нави ӯ “Ҳикояҳо” ду ҳикоя меорем ва шуморо ба мутолиаи ҳикояҳои дигари ин китоб ба толори хониши кӯдакон ва наврасон даъват мекунем.
Китоби куҳна
Онро мо «Китоби бобоям» мегуфтем, зеро танҳо бобоям мехонд. Китоб чӣ ном дошту онро кӣ навиштааст, намедонистем…
Ҳар гоҳ бобоям китобашро аз сандуқ мегирифт, дастонаш меларзиданд. Баъзан дурудароз мехонд, баъзан ҳатто варақ намезад – ба мақоваи чармини он нигариста, хеле сукут мекард. Дар муқова чанд ҳарфи форсӣ навишта шуда буд, ки хонда наметавонистам. Дар ин лаҳзаҳо дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад…
Боре ў дар дасти ман китоби нави «Алифбои форсӣ» диду тааҷҷуб кард. Китобро гирифт ва нобоварона пурсид:
– Аз мактаб овардӣ ?
– Бале, бобо.
– Мехонед?
– Мехонем. Ин дарси нави мо, бобо, – гуфтам ман.
Чашмонаш аз шодӣ дурахшиданд.
– Ҳамин ки хонданашро ёд гирифтӣ, – таъкид кард ў, – ба ман хабар деҳ.
Китобомро ба ту медиҳам.
Ман кунҷкобӣ кардам, ки вай чӣ китоб аст, барои чӣ онро бобоям сахт эҳтиёт мекунад.
Ў лаҳзае хомўш монд ва баъд оҳи сарде кашиду гуфт:
– Дувоздаҳ соли умрам аз барои ин китоб дар зиндон гузашт. Аввал се, баъд ҳафт, сонӣ ду соли дигар зиндонӣ шудам. Аз соли сиву ҳафтум то соли чилу нуҳум! Агар китобро месупоридам, шояд камтар азоб мекашидам, лекин дилам нахост. Китобро месўхтанд.
Ман пурсидам:
– Кӣ месўхт?
– Душманони дониш ! Бесаводон ! – аламдор хитоб кард ў. – Салҳои сиюм дар мамлакат як гурўҳ одамон пайдо шуданд, ки корашон китобсўзӣ буд. Онҳо сиёҳпўш буданд – дар тан нимтанаи сиёҳи чармин донштанд… Калон шавӣ, баъд мефаҳмӣ, ки сиёҳпўшон киву чикора будаанд! Онҳо хатти қадимаву китобҳои куҳна, ҳамон хату ҳамон китобҳоро, ки Саъдиву, Ҳофизу, Бедил низ хондаанд, бад медиданд, хурофоту душмани инсон мегуфтанд… Ҳазор – ҳазор китоб сўхтанд ва барои ин аз ҳукумат мукофот гирифтанд. Кӣ бештар китоб сўзад, ҳамон бештар обрўю мукофот мегирифт.
Як ҳамсоя доштем. Вай аз китоби ман бохабар буд. Ҳамон ба сиёҳпўшон арз кардааст, ки дар дасти ман китоби куҳнаи хаташ форсӣ ҳаст. Нисфи шаб чор тан сиёҳпўш омада, маро пешандоз карда бурданд. Гуфтанд, ки китобамро супорам. Не гуфтам. Заданд, чунон заданд, ки шаш дандонам шикаст…
Зимистон буд. Ҳар рўз як соат дар рўйи барф мешинонданд. Баъд ба Сибир бадарға карданд. Он ҷо ангуштони дасту поямро хунук зад. Ҳар ҳафта ду рўз обу нон намедоданд. Се сол баъд гуфтанд, ки ман озодам.
Ба хона баргаштам.
Лекин як ҳафта гузашт ё не дубора омаданд. Хонаро такурў карда, китобро наёфтанд. Ман онро гўронида будам. Пурсиданд лаб газидам, талаб карданд, дам назадам. Зада – зада бурданд. Гуфтанд, ки аз барои як китоби куҳна худатро ҳайф накун. Гуфтам, ки ин кори ман!
Ин дафъа ҳафт сол дар биёбони сўзони Қазоқистон сўхтам. Оҳ, чӣ рўзи сиёҳ буд, ҷони бобо! Ҳама азоб – барои ҳамин китоб. Худоро шукр, насўхт, ба дасти сиёҳпўшон наафтид. Ман онро ба дасти ту месупорам, лекин аввал бо хатти форсӣ ошно шав!..
Қиссаи бобоям хеле дароз аст, онро вақти дигар, албатта, менависам. Ҳоло ҳамин кадар мегўям, ки хатти форсиро омўхтам ва он китобро аз бобоям қабул кардам. Дар муқоваи китоб чунин навишта шуда буд: Унсурулмаолии Кайковус. «ҚОБУСНОМА».
Устод
Падарам як одати аҷиб дошт: ба ҳар ҷо равем ва касе аз шиносон ё дўстонашро вохўрдем, шинос мекард: ному насаб, кӣ ва чикора будани онҳоро ва дар куҷо зистанашро ҳатман мегуфт. Вале маро бештар ба баъзеҳо «Устод!» – гуфта муроҷиат карданаш ба тааҷҷуб меовард…
Дар оғоз ба ин чиз чандон эътибор надодам, гумон кардам, ки ин тарзи муроҷиат ба вай дар коргоҳаш аз ҷавонӣ одат шудааст. Яъне падарам олими соҳаи кимиёст, дар Академияи улуми мамлакат кор мекунад. Он ҷо якдигарро устод гуфтан ба ҳукми одат даромадаст. Вале падарам баъзан одамеро устод мегуфт, ки на олим буд, на омўзгор, балки аз кўчаи илму дониш дуруст нагузашта буд…
Рўзе мо аз назди дукони оҳангаре мегузаштем.
– Биё, ҷони падар, устодро зиёрат кунем, – гуфт вай ва мо пасу пеш ба дукон даромадем.
Он ҷо як пирамард рўйи кўрпачаи нимдошт менишаст. Як ҷавонмард оҳанеро дар оташи кўра тоб медод. Ҷавонмарди дигар дастаи болғаеро дуруст мекард. Пирамард бошад, гирумони онҳоро тамошо мекард.
Вай падарамро дида, хурсанд шуд ва аз ҷой бархеста, оғуш кушод. Падарам чунон бо эҳтиром аҳвол пурсид, расми таъзим ба ҷо овард ва мисли шогирди одии мактаб дар назди муаллимаш, даст пеши бар гирифт, ки гумон кардам ин пирамард яке аз олимони машҳури мамлакат асту чанд сол қабл ба нафақа баромада, акнун оҳангарӣ мекунад.
– Ин кас устоди ман, бобои Абдуллоҳ! – бо ифтихор хитоб кард падарам. – Як умр оҳангаранд!..
Аз ин сухан тааҷҷубам бештар шуд, вале ошкор накардам. Фақат баъди он ки мо як пиёла чой нўшида, аз оҳангархона берун рафтем, пурсидам:
– Додо, ин кас аз куҷо ба шумо ҳаққи устодӣ доранд?
– Агар бобои Абдуллоҳ намебуданд, ман ҳаргиз олим намешудам, балки аз илму дониш тамоман бехабар мемондам. Шояд авбош шуда, имрўз дар ягон маҳбас мехобидам, – ҷавоб дод ў.
– Бобои Абдуллоҳ ба шумо чӣ хизмат карданд? – парсидам ман.
– Хизмати он кас барои ман бузург аст! – гуфт падарам. – Мо як замон ҳамсоя будем. Агар медиданд, ки мактаб нарафтаам, химчаеро гирифта, маро тарсонда, гоҳо чанд химча зада, ба мактаб мебурданд ва ба дасти муаллим супурда, баъд ба оҳангархонаашон бармегаштанд. Баъдтар аз тарси он кас ҳамеша барвақт ба мактаб мерафтагӣ шудам. Сонитар, ин чиз ба ҳукми одат даромаду ба хондан шавқу завқи зиёд пайдо кардам ва аз як бачаи дарсгурез ба мартабаи олими соҳаи кимиё расидам. Албатта, маро устодони зиёд таълим доданду тарбият карданд, вале бобои Абдуллоҳ устоди ҳақиқии мананд!
Ман дигар чизе напурсидам…
***** ***** *****
Китоби “Ҳикояҳо”-и Азизи Азиз – нависандаи маъруфи кӯдакнависи тоҷик, ки соли 2018 дар нашриёти “Маориф” чоп шудааст, боз ҳикояҳои зиде ҳам дорад, ки агар шумо ба толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасон қадам ранҷа намоед, хоҳед хонд. аз чунин афсонаҳо иборат аст. Ёдовар мешавем, ки ин толори хониш дар ошёнаи якуми бинои Китобхонаи миллӣ ҷой гирифтааст.
Таҳияи Саидғуфрон Шарифӣ,
мутахасисси шуъбаи кўдакон ва наврасон.