Таърихи адабиёти ҷаҳон. Еврипид (солҳои 485 – 400 пеш аз мелод )
Намояндаи сеюм ва ҳамзамони Софокл ва намояндаи охири фоҷиаи атиқаи Юнон Еврипид аст. Дар асарҳои ў бўҳрони давлати Африка, ки дар замони ҷанги Пелетона ( 431 – 404 ) хеле тезу тунд гардидиа буд, инъикоси худро ёфтааст. Масъалагузорӣ ва ғояи асарҳои драмавии Еврипидро бо назардошти масъалаҳои умдаи ҷамъиятиву сиёсии нимаи дуюми асри V Афина фаҳмидан мумкин аст. Еврипидро «файласуфи саҳна» гуфтанд, ки дар фоҷианомаҳои ў тозатарин комёбиҳои фикрии замонааш инъикос ёфтаанд. Тахмин кардаанд, ки Еврипид қариб 90 асари драмавӣ эҷод намудааст ва аз он танҳо 19 тояш то замони мо боқӣ мондааст.
Еврипид қисмати одамони оддиро тарзе ки дар асл ҳастанд, тасвир намудааст.
Дар як қатор асарҳояш ў бо истифода аз шакли асотирии фоҷиаҳо муҳимтарин масъалаҳои замони худро ба миён гузоштааст. Ў ҳамчун ватандўсти ҳақиқии замони худ баромад намуда, образҳои аслии қаҳрамонеро офаридааст, ки онҳо барои манфиатҳои халқ ҷони худро қурбон мекунанд. Ин хусусият аз ҷумла дар асари машҳури ў «Ифигения дар Авлида» мушоҳида мешавад. Еврипид ҷангҳои ғосибонаи замони худро маҳкум намуда, принсипҳои демократии давлатдории Афинаро дастгирӣ менамояд, ки ба ин асари ў «Занони Троя» шаҳодат медиҳад.
Дар фоҷианомаҳои Еврипид асосан зиддияти тези байни одамон боварии худро ба адолати илоҳӣ гумкарда ва ба машаққатҳои зиндагӣ тобовар тасвир меёбад.
Еврипид чун психологи борикбин ба дунёи ботинии инсон аҳамият дода, ҳиссиёти мутақобили ўро тасвир намудааст.
«Медея» дар асоси сюжети асотирии саргузашти аргонавтҳо (аргонавтҳо – дар асотири Юнони қадим гурӯҳе аз паҳлавононе, ки ҳамроҳ бо Ясон (номи паҳлавон) ба василаи киштии Арго дар ҷустуҷӯи пашми зарринсафар карданд) бунёд ёфтааст, ки мазмуни мухтасари он чунин аст:
Ҷавон юнонӣ Ясон бо киштии «Агро» ба сўи Колхидаи дурдаст ба ҷустуҷўи пашми тиллоии гўсфанди сеҳрноки кушташуда роҳ пеш мегирад.
Шоҳи Колхида аз ин огоҳӣ ёфта, барои куштани Ясон омода мешавад. Ясонро аз марги ҳақиқӣ духтари шоҳи Колхида Медея, ки ба ў ошиқ шуда буд, раҳо мекунад. Баъди дуздидани пашми тиллоӣ Ясон ва Медея ба Юнон мегурезанд ва дар Коринф (Коринф –номи шаҳре дар Юнон)паноҳ мебаранд.
Медея огоҳ мегардад, ки Ясон мехоҳад ўро бо ду фарзандаш гузошта, бо духтари шоҳи Коринф – Главка хонадор шавад. Медея бо ғазаб омада мехоҳад аз Ясон қасос бигирад. Медея худро чунон вонамуд мекунад, ки ба ин кори Ясон розӣ аст. Медея ба рақиби худ либоси арўсие равон мекунад, ки олудаи заҳр аст. Арўс баробари пўшидани ин тўҳфаи Медея ҳалок мегардад ва ҳамроҳи ў падараш низ кушта мешавад. Аммо ғазаби Медея бо ин низ паст намегардад ва чун медонист, ки фарзандонаш барои Ясон чӣ қимате доранд, кўшиши куштани онҳоро мекунад. Медея бо ин амалиёти худ бузургтарин ҷиноятро содир мекунад.
Ин фоҷианома бо вуҷуди баъзе умумиятҳо аз фоҷианомаҳои Эсхил ва Софокл фарқияти калон дорад. Дар он ҳодисаи мудҳиш фоҷиаи оилавӣ тасвир шудааст, ки дар маркази он образи Медея бо характери пурқувваташ қарор гирифтааст.
Дар соли 428 баъд аз се соли «Медея» фоҷианомаи дигари Еврипид «Ипполит» ба саҳна гузошта мешавад. Ин фоҷианома низ ба масъалаи ахлоқ, одоб ва ҳиссиёти инсон бахшида шудааст, ки ҳама дар шахсият ва образи Ипполит кушода мешавад.
Ҳамсари дуюм Тезея – Фёдра бо писархонди худаш Ипполит ошиқ мегардад. Худи Ипполити аз ин гуна ҳиссиёт бегона ба худо Артишид саҷда мекард. Фёдра аз ин муҳаббати пурнанги худ ботинан азоби сахт мекашад. Дояи Фёдра аз ин муҳаббати нангин ба Ипполит қисса мекунад. Ипполит ба ғазаб меояд ва ҷиддан ин муҳаббати нопокро рад мекунад ва ҳатто ба доя таҳдид менамояд, ки ин ҳамаро ба падараш маълум менамояд. Фёдра аз ин ҷавоби Ипполит огоҳӣ меёбад ва аз оқибати кор тарсида, худкушӣ мекунад. Аммо пеш аз худкушӣ барои қасос ситонидан ва Ипполит мактубе менависад ва туҳмат мекунад, ки Ипполит кўшиши таҷовузи Фёдра карда бошад. Тезей ба ин бовар карда, писарашро оқ мекунад ва фоҷианома бо марги Ипполит анҷом меёбад.
Эҷодиёти Еврипид давраи атиқии инкишофи фоҷианомаҳои Юноноро хотима мебахшад ва барои пайдоишу инкишофи жанрҳои дигар шароит фароҳам меорад.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.