Нуфузи асарҳои Шолохов дар байни хонандагони тоҷик ва таъсири онҳо ба адабиёти реалистии тоҷик хеле калон аст. Садриддин Айнӣ муҳаррири тарҷумаи тоҷикии “Замини корамшуда” буд. Дар романи “Ғуломон”-и С.Айнӣ таъсири ин асари Шолохов дида мешавад. Ҷалол Икромӣ аввалин романи худ- “Шодӣ”-ро дар зери таъсири “Замини корамшуда” таълиф намудааст.
Шолохов Михаил Александрович 25 майи соли 1905 дар хутори Кружилин, стансияи Вёшенская, ҳоло ноҳияи Вёшенская, вилояти Ростов таваллуд ёфтааст.
Аз ҷумлаи барҷастатарин навсандагони садаи бисти рус буд. Барои асарҳо ва хизматҳояш дар рушди адабиёт ду маротиба (солҳои 1967, 1980) унвони Қаҳрамонӣ Меҳнати Социалистӣ дарёфт кардааст. Иштирокчии ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия, яке аз фаъолони бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ дар қаламрави собиқ Шӯравист.
Нашри ҳикояҳои Шолохов дар рӯзномаву маҷаллаҳо аз соли 1923 оғоз ёфта, аввалин навиштаҳояш дар маҷмуаҳои “Ҳикояҳои Дон” ва “Дашти лоҷувардгун” (ҳар ду соли 1926) гирд омадаанд.
Соли 1925 ба навиштани романи ҷаҳонигаштаи “Дони ором” шурўъ кард. Мазмуни асосии ин роман қонунияти таърихии инкишофи зиндагист. Аз ин рў сюжет, композитсия, банду баст фарогирии воқеаҳо дар он мураккаб ва доманадор мебошад. Қаҳрамони асар халқ аст.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), очеркҳои Шолохов “Дар Дон”, “Дар Ҷануб”, “Казакҳо” ба табъ мерасанд. Махсусан ҳикояи “Дарси кинаву адоват” шўҳрати зиёд ёфт. Солҳои 1943-1944 дар рӯзномаҳои “Правда”ва “Красная Звезда” бобҳои ҷудогонаи романи “Онҳо дар роҳи Ватан меҷангиданд ” чоп шуданд.
Нуфузи асарҳои Шолохов дар байни хонандагони тоҷик ва таъсири онҳо ба адабиёти реалистии тоҷик хеле калон аст. Садриддин Айнӣ муҳаррири тарҷумаи тоҷикии “Замини корамшуда” буд. Дар романи “Ғуломон”-и С.Айнӣ таъсири ин асари Шолохов дида мешавад. Ҷалол Икромӣ аввалин романи худ- “Шодӣ”-ро дар зери таъсири “Замини корамшуда” таълиф намудааст.
Шолохов вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ, доктори фахрии илмҳои филологияи донишгоҳҳои Ростови лаби Дон ва Лейпсиг, доктори фахрии ҳуқуқии университети Сент-Андрус буд.
Бо панҷ ордени Ленин, орденҳои дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст. Соли 1965 ба ҷоизаи ҷаҳонии Нобел сазовор шуда буд.
21 феврали соли 1984 дар синнӣ 79-солагӣ аз олам гузашт.
Хонандагон дар Китобхонаи миллӣ аз осор ва дар бораи ин адиби маъруф метавонанд хонанд:
Шолохов, М. Дарси кинаю адоват / Тарҷумаи Ҷ.Икромӣ. – Душанбе. Нашрдавтоҷик. – 1942. – 31 с.
Шолохов, М. Онҳо дар роҳи Ватан меҷангиданд / Тарҷумаи Э.Мулоқандов // Шарқи Сурх. – 1946. – №4-5. – С. 3-17.
Шолохов, М. Дони Ором: Роман / Иборат аз чор китоб; Тарҷумаи Э.Мулоқандов. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1956. – 458 с.
Шолохов М. Қисмати одам : Ҳикоя. – Душанбе: Ирфон, 1962. – 52 с.
Шолохов, М. Гуфтор дар ситоиши Ватан / Тарҷумаи Ш.Собир // Садои Шарқ. – 1965. – №11. – С. 81-99.
Замини корамшуда: Роман / Иборат аз ду китоб; Тарҷумаи Ш.Собир. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 368 с.
Шолохов, М. Ҳикояҳои Дон / Тарҷумаи Э.Мулоқандов. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 211с.
Лубо, С. ва Лукьянов Б. Сўҳбати М.А.Шолохов бо журналистон. // . – Тоҷикистони советӣ. – 1965. – 3 декабр.
Андриасов, М. Фикру мулоҳизаҳои нависандагони ҷаҳон дар бораи Шолохов: Китоби нав дар бораи муаллифи “Дони ором” ва “Замини корамшуда” // Комсомоли Тоҷикистон. – 1966. – 18 сентябр.
Ященко, П. Дар меҳмонии Михаил Шолохов: Ба муносибати 50- солагии фаъолияти эҷодии нависанда // Тоҷикистони советӣ. – 1973. – 3 март; Ҳақи – қати Ленинобод. – 1973. – 7 март.
Васфи нависандаи соҳибдил: Гуфторҳои нависандагони СССР дар васфи М.А.Шолохов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1975. – 21 май.
Адибе, ки шўҳраи ҷаҳон аст: М.Шолохов 75-сола шуд // – Ҳақиқати Қурғонтеппа. – 1980. – 29 май.
Шолохов, М. Поднятая целина: Роман. – Москва: Просвещение, 1980. – 559 с.
Шолохов, М. Судьба человека. – Москва; Детская литература, 1981. – 63 с.
Шолохов, М. Они сражались за Родину. – Москва: Соврем.,1981. – 64 с.
Таҳияи Манижа Раҷабова,
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ