Ҳакимҷон Аҳмадов аз ҷумлаи олимони шинохтаи кимиёст. Ҳамеша талош кардааст кашфиётҳои илмиашро дар шакли китобу дастурамал интишор диҳад.
Ҳакимҷон Аҳмадов 8- уми июни соли 1948 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Кимиёдон, доктори илми кимиё (соли 1998) , Академия Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008). Хатмкардаи факултети кимиёи Унверстети давлати Тоҷикистон (1971) (Ҳоло Донишгоҳи милии Тоҷикистон). Лаборанти калони Озмоишгоҳи проблемавии радиохимияи Унверстети давлати Тоҷикистон (1971-72), х.и.-и Иниститути физика ва техникаи ба номи Умарови Акдемия Илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1971-90), китоби илмии Шуъбаи илмҳои физикаву риёзиёт , кимиё ва геологияи Академия Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990-95), муовини саркотиби илмӣ (1995-2001), ва саркотиби илмии Академия Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2002).
Ҳакимҷон Аҳмадов оид ба полимерҳо ва хосияти онҳо, усулҳои табдили нерўйи Офтоб, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия як силсила таҳқиқот анҷом додааст.
Муалифи 200 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 5 китоб ва 25 ихтироот мебошад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. – С. 168.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҳакимҷон Аҳмадов ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед бихонед:
Солнечная энергетика. Состояние, возможности использования и перспективы развития. – Душанбе, 2007.
Имконияти истеҳсол ва истифодаи гази биологӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе, 2008.
Малая гидроэнергетика Таджикистана. – Душанбе, 2010.
Микрогидроэнергетика. – Душанбе, 2010.
Эрозионные процессы на орошаемых землях Таджикистана / Н.М. Асоев. – Душанбе: Эр-граф, 2011. – 311 с.
Фарҳанги тафсирии истилоҳоти биёбоншавӣ (руси-тоҷики-англиси). - Душанбе: Эр-граф, 2011.
Картографирование почв и эрозия в Таджикистане по космическим снимкам. – Душанбе, 2013. – 420 с.
Тавсиянома оиди беҳдошти хокҳои таназзулёфтаи чарогоҳҳои табиӣ / Ш.Р. Аминов. – Душанбе, 2015. – 12 с.
Тавсиянома оид ба усулҳои парвариши ток дар заминҳои шартан обёришавандаи минтақаҳои пасткўҳ ва миёнакўҳи Тоҷикистон / Ш.Р. Аминов. – Душанбе, 2015. – 14 с.
Тавсия доир ба усули суфазинаҳои сангин барои бунёди боғҳо дар минтақаи кўҳӣ / Ш.Р. Аминова., Г.А. Некушоева. – Душанбе, 2015. – 14 с.
Чорабиниҳои зиддитаназзулӣ дар боғу токзори нишебзаминҳо бо тавсифи навъҳо ва намудҳои дарахтони мевадиҳанда. – Душанбе: Андалеб-Р, 2016. – 288 с.
Аҳмадов, Ҳ. Гази биологи, истеҳсол ва имконияти истифодаи он // Ҷумҳурият. – 2002. – 23 октябр.
Таъсиси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон рўйдоди илмии дорои аҳамияти миллист // Ҷумҳурият. – 2011. – 25 октябр.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ