Ду корманди Китобхонаи миллӣ сазовори унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ” шуданд

Ду ҳамкори ҷавони мо ахиран ба унвони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Абубакр Манонзода ва Зафар Саидов – ду тан аз ҳамкорони фаъол ва ҷавони мо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин унвони пуршараф қадрдонӣ шуданд. Унвон дар ҷаласаи умумӣ бо ҳузури кормандон аз ҷониби Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода тақдим шуд.   

Саидов Зафар Саидҳошимович аз ифтитоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз моҳи майи соли 2012 дар шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ фаъолияти корияшро шуруъ  намудааст.

   Дар давоми фаъолияти худ дар Китобхонаи миллӣ дар ташкил намудани шабакаи маҳаллии компютерӣ, барномаҳои иттилоотонии соҳавӣ ва муассисавӣ оид ба татбиқи ТИК - барномаи соҳавии китобдории ALEPH ва веб-барномаи библиография, веб-барномаи иттилооти ҳуқуқӣ lawinfo.kmt.tj, сомонаи Китобхонаи миллӣ www.kmt.tj, барномаи батанзимдарории шабакаи дохилӣ ва интернети Китобхона SAMS-2 SQUID, почтаи электронӣ mail@kmt.tj, веб-барномаи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ, веб-барномаи барўйхатгирии хонандагон ба таври автоматӣ  саҳми босазо дорад.

 Саҳми Саидов Зафар дар самти  таъмин намудани чорабиниҳои сатҳҳои гуногуни дар толорҳои Китобхона баргузоршаванда аз ҷиҳати техникӣ назаррас мебошад. Ҳамзамон дар конфронсҳои байналмилалии СҲШ, СПАД, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва ғайра, ки дар  маҷлисгоҳҳои Китобхона ва муассисаҳои дигари сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардиданд, барои аз лиҳози техникӣ омода ва таъмин кардан ширкати фаъол намудааст. Дар Ҷаласаи кории  Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё, ки дар Федератсияи Русия дар масъалаи бунёди Китобхонаи электронии Ассамблея баргузор гардида буд, Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.     

Абубакр Манонзода бошад аз аввали соли 2015 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” кор мекунад ва сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ мебошад. 

   Абубакр Манонзода дар давоми фаъолияти кории худ дар Китобхонаи миллӣ дар ташкил намудани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, махсусан дар конфронсҳои байналмилалии СҲШ, СПАД, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва ғайра, ки дар толорҳои Китобхона баргузор гардиданд саҳми сазовор гузошт.

Ӯ дар Конфронси байналмилалии “Рушди фарҳанг дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шонҳой дар шаҳри Урумчӣ ва музофоти Ҳайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо як гурўҳ аз кормандони вазорату идораҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон, Ўзбекистон, Русия ва Чин (соли 2015) иштирок намудааст. Дар кишварҳои хориҷа курсҳои гуногуни бозомўзиро азбар намудааст. Қобили зикр аст, ки аз 28-уми август то 23-юми октябри соли 2018 давраи такмили ихтисоси АЙТЕК (ITEC)-ро дар мавзўи “Таҳқиқот оид ба қувваи корӣ, ҷаҳон, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг” дар Донишгоҳи Нилерди шаҳри Деҳлии Ҳинд гузашта, донишҳои замонавиро аз худ карда, малакаву маҳорат ва таҷрибаи дар давоми бозомўзӣ ва фаъолияти кории худ андўхтаро дар тар­бияи мутахассисони ҷавон самаранок истифода мебарад.

Абубакр Манонзода забонҳои англисӣ, ҳиндӣ, русӣ, урду ва тоҷикиро хуб медонад.  

 Ҳамкорони худро ба муносибати қадрдонӣ шуданашон ба унвони фахрии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»  самимона муборакбод мекунем.

Фаридун Азизов