Аз сари субҳ гуруҳе паз кормандони Китобхонаи миллӣ ба корҳои ободгарӣ идома доданд.
Саҳни бинои Китобхона ва ҳотаи онро аз хасрӯбаву сангрезаҳо тоза карданд. Бехи ниҳолҳоро нарм намуданд, ҷӯйборҳоро аз хасрӯбаҳо ва баргҳои хазон тоза карданд.
Ободгарӣ дар Китобхонаи миллӣ муддати ҳудудан як ҳафта пеш сар шуда, ҳамоно идома дорад. Тӯли ин муддат гулу рустаниҳои хушкшуда тоза карда шуда, дар гирду атроф наздик ба 200 адад дарахти гуногун шинонда шуданд.
Расмҳои Хусрави Милод аз ҷараёни кори имрӯз.
Фарзонаи МИРЗО