Муҳтавои аслии Конфронси “Омилҳои тамоюли ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои экстремистию террористӣ”, ки баъд аз зуҳри дирӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, посухи ҳамин савол буд. Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов оид ба хатари терроризм ва тамоюли гаравиши ҷавонон ба созмонҳои мамнўъи террористиву экстремистӣ ибрози назар намуд. Вай яке аз ин сабабҳоро дурии ҷавонон аз фарҳангу тамаддун ва бехабарӣ аз асли дину оин номид. Ҳамзамон, қайд кард, ки мутолиаи зиёди китоб касро ҳамеша аз гароиш ба созмонҳои хатаровар эмин нигоҳ медорад, зеро шахсе, ки пайваста китоб мехонад, талош ба покии ахлок дорад. Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов, ки дар мавзўи «Омилҳои бегонапарастӣ: таҳдид ба манфиатҳои миллӣ» маърӯза кард, терроризм ва экстремизми сиёсиро як хатар ба арзишҳои милливу истиқлолияти давлатӣ номид. “Дар воқеъ масоили зикрёфта имрўз на танҳо барои муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ, балки барои тамоми шаҳрвандони мо муҳимият ва фазои махсуси таҳлилӣ доранд. Зеро баъди ғуруби собиқ иттиҳоди Шўравӣ як гурўҳ ҷомеашиносон аз арзишҳои илмии он замон ба куллӣ рўй гардонида, яке худро диншиносу исломшинос, дигаре демократу сеюмин мухолифи сохти нав эълон намуда, ба зеҳну тафаккури мардумони кишвар таъсири манфӣ расонидаанд. Ҳатто андешаҳои барғалати бархе аз онҳо нисбати миллати тоҷик, арзишҳои миллӣ ва марзу буми кишварамон то имрўз дар рўзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба назар мерасад”. Абдураҳмон Маҳмадов дар бахши дигар аз суханрониаш гуфт: “яке аз омилҳое, ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ таҳдиду хатари воқеӣ эҷод мекунад, ин терроризм ва экстремизми сиёсию динӣ мебошад, ки тавассути вусъат бахшидани ҳамкориҳои худ бо марказҳо, созмонҳои террористию экстремистии байналмилалӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ ба мушкилоти бузургтарини ҷамъиятию сиёсии башарият мубаддал гардидаанд”. Дар чорабинӣ сармутахассиси раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддин Салимов дар мавзўи «Бемазҳабӣ- замина ба сўи ифротгароӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Вай гуфт, ки “ифротгароӣ хусусан дар якчанд даҳсолаи асри 20 ва ибтидои асри 21 хеле вусъат ёфтааст. Дар ин солҳо харакатҳои ифротгарои динӣ ва гуруҳҳои тундрав хеле фаъол гаштаанд, ки ҷунбиши “Толибон”, “Ал-қоида”, “Ҳизбу-т-таҳрир”ва “Давлати исломии Шом ва Ироқ” аз зумраи ин созмонҳои мамнуъ эълоншуда мебошанд”. Наҷмиддин Салимов бар ин назар аст, ки “яке аз хусусиятҳои манфии ин созмонҳои ифротӣ дар он мебошад, ки онҳо шиорҳои диниро истифода бурда, аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд. Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи ислом рў оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гуруҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад”. Дар конфронс номзади илмҳои филологӣ, дотсенти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидов дар мавзўи «Нишонаҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» суханронӣ кард. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки имрўз шаҳрвандони беш аз 100 давлати олам дар сафи гурўҳҳои ифротию террористӣ, хосатан ДОИШ ба номи исломӣ меҷанганд. Шумораи умумии онҳо ба беш аз 20000 нафар расидааст. Тибқи иттилои ВКД, аз Тоҷикистон ҳудуди 600 нафар ба ҷонибдории давлати ба номи исломӣ дар Ироқу Сурия меҷанганд. Номбурда бо такя ба матолиби нашркардаи васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ гуфт, ки аъзои гурўҳҳои ифротӣ нишонаҳои хос доранд ва ҷавононро зарур аст, ки онҳоро шиносанд. Дигаргунӣ дар дашному ҳақоратҳо ва сару либос, намозгузорӣ, интихоби мусиқӣ, канораҷўӣ, мутолиаи пайвастаи китобҳои идеологӣ. муносибат бо ҷинси муқобил, равобити виртуалӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Мавриди тазаккур аст, ки дар чорабинӣ беш аз 300 нафар устодону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат намуданд. Дар охир миёни ҳозирин ва меҳмонон саволу ҷавоби судманд сурат гирифт. Фарзона Мирзоева Суратгир Хусрави Милод