Дуввумин моҳи барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» дар донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба поён мерасад ва то кунун кормандони бахшҳои мухталифи Китобхонаи миллӣ ба даҳҳо муассисаҳои таълимӣ рафтаву бо муҳассислин ва устодони донишгоҳҳову мактабҳо дидору мулоқотҳо доштанд.
Имрӯз намояндагони шуъбаҳои маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобддорӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва абонементи байни китобхонаҳо дар гимназияи рақами 1, мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии 29, 31, 90 рафтанд ва бо хонандагону муаллимони ин муассисаҳои таълимӣ мулоқот карданд.
Муовини Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Дилшод Абдуқаҳоров ва кормандони шуъбаҳои Абанименти байни китобхонаҳо ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҳадафи вохӯрӣ бо мактабиёнро фаҳмонданд. Яъне, мақсад ошноии хонандагон бо шароитҳои китобхона ва даъваташон ба мутолиаи китоб аст.
Фиристодагони Китобхонаи миллӣ дар бораи ин боргоҳи маърифат ва хазинаи бузурги китобҳои он, доир ба толорҳои хониш ва равиши узвият дар китобхона, хизматрасониҳои шартномавӣ, омӯзиши забонҳо маълумот доданд.
Дар поёни нишастҳо ба ширкаткунандагон варақаҳои таблиғотиву маълумотӣ тақсим карда шуданд.
Миёни кормандони китобхона ва хонандагон табодули афкор сурат гирифт ва касоне аз байни хонандагон, ки ба Китобхона аъзо буданд, ҳамсинфонашнро бештар ташвиқ карданд ва аз шароитҳои мавҷуда, хизматрасониҳо ситоиш намуданд.