Тасаввури кӯдаконаи гули зебо дар маҳфили “Дастони моҳир”
Нашр шуд 2016-06-08 12:39
Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-и толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ба бачаҳо омода сохтани гули зебо супориш шуд.
Чун анъана мураббӣ як суҳбати дилнишинро бо ширкаткунандагони хурдсол дар мавриди гул ва намуди гулҳо анҷом дод.
Аз бачаҳо пурсид, ки кӣ номи кадом гулро медонад ва онро кай ва дар куҷо дидааст.
Баъди саволу ҷавоб аз ширкаткунандагон хоста шуд, ки ҳар кас ҳар гули зебо, ки медонад, онро наққошӣ кунад ва ё дар коғаз омода созад.
Гулкашиву гулсозӣ ба як маҳфили зебо табдил шуд. Маълум гардид, ки мавзуъ шавқангез аст ва бачаҳо тавонистанд тахайюли худро дар бораи ин ё он навъи гул рӯйи коғаз резанд. Дар хотима офаридаи ҳар ширкаткунанда дар алоҳидагӣ намоиш дода шуд ва дигарон дар атрофи он ибрози назар намуданд.
Қарор шуд, ки дар маҳфилҳои дигар низ сари ин мавзуъ баргарданд, чун бачаҳо мехостанд акнун чандин навъи гулҳоро, ки мебинанду медонанд, рассомӣ кунанд ва ё дар коғаз буранд ва пешкаш созанд.
Маҳфили “Дастони моҳир”, ки бо ибтикори корманди Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ сурат мегирад, ҳар бор дар мавзуъҳои гуногун ва ҷолиб мегузарад ва ҳадаф аз ин бедор кардани савқи созанда дар афтфол аст.