Мавзуъи маҳфили “Дастони моҳир”: Гули дилороиман


Ин маҳфил, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд, «Гули дилороиман» ном гирифт. Ҳадаф шинохти гул буд. Дар фасли тобистон, ки шаҳри азизамон гулафшон аст, рангу бӯйи гулҳо метавонад дар тасаввури атфол ҳар гуна бошад. Ҳадафи маҳфил низ шинохти гул буд.
Гули омода намудаи бачагон асосан аз қоғазҳои ранга, коғази ғафс ва ширеш таркиб меёфт. Тарзе омода карда мешуд, ки қоғазҳоро мисли дилча бурида, пайдар пай часпонида, дар натиҷа гули зебое тайёр мекарданд.
Чун гули  тайёр намудаи бачаҳо ном надошт ва он ба дили хурдакак монанд буд, якҷоя бо муаллима номашро«Гули дилорои ман»гузоштанд.
Дар охир маълум шуд, ки бачаҳо аз уҳдаи супориши мураббии худ ба хубӣ баромаданд.
Дар барномаҳои оянда дар нақша гирифта шудааст,ки тарзи тайёр намудани дигар гулҳоро низ ба бачаҳо нишон диҳем.