Ба истиқболи 5500 - солагии Саразми бостонӣ

Бо таърихи гузаштаи халқи худ, бо шахсиятҳои бузурги аҷдодон фахр кардан хуб аст, аммо донистани таърихи гузаштаи ватан, зинда кардани одамони бузург вазифаи ҳар яки мост”.

Эмомалӣ  Раҳмон

Маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст.

Боиси зикр аст, ки саҳм ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзу ободонии ёдгориҳои бостоншиносии миллати тоҷик, махсусан, шаҳраки қадимаи Саразми Панҷакент ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо хеле назаррас мебошад.

Саразм ёдгории беназирест, ки дар худ робитаҳои фарҳангии мардуми мухталифи Осиёи Марказиро таҷассум кардааст. Ба маълумоти Ҷованнӣ Бокардо - мудири дафтари Осиё ва Уқёнусия дар ЮНЕСКО, Саразм бар асоси ду меъёр ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил карда шудааст. Аввалан, ки Саразм дар давраи муайяне маҳалли таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Он 4 ҳазор сол пеш аз милод як маркази тиҷорати ҳамон давра дар минтақа ба шумор мерафт. Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва кашфи баъзе аз ашё, ба таври рӯшан, нақши ин маҳалро дар мубодилот ва тиҷорати минтақаҳои ниҳоят гуногун аз ҷумла, Туркманистони ҳозира, Байнаннаҳрайн, тамаддуни Ҳинд ва хосатан Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Ин боиси аввалин пазируфта шудани Саразм ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ мебошад. Омили дуюм бошад, Саразм як навъ аз тамаддуне гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни ҳазорсолаи чорум ва сеюми пеш аз милод дар Осиёи Марказӣ будааст.

Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Нахусткошифи Саразми бостонӣ Абдуллоҷон Исҳоқов рӯзҳои фараҳбахшро ёдоварӣ намуда, навишта буд: “Камина 13-уми сентябри соли 1976-ро ба некӣ ёд меоварам. Ҳар касро рӯзе, воқеае ҳаст, ки абадӣ ба хотираш нақш бастааст ва он барои ман ҳамин рӯз аст. Ва ҳодисае, ки дар он рӯз ба вуқӯъ пайваст, тақдири ояндаи фаъолияти илмии маро ҳал кард ва зиндагии ман гӯё маънии ҳақиқии худро дарёфт. Он рӯз рӯзи кашфиёти шаҳраки қадимаи Саразм аст…

Шакли муассали ин мақола ин ҷост: 5500 - солагии Саразми бостонӣ.

Муаллиф: Саидзода И.

мутахассиси пешбари

Маркази такмили ихтисос.

Дарёфти мавод: