Кумакхои амалӣ ва методию тахассусӣ ба китобхонаҳои минтақаи ВМБК

   Як гурўҳ кормандони Китобхона бо роҳбарии муовини директор Гадобек Маҳмудов, ҳамчунин сардори Маркази такмили ихтисос Маҳмадшариф Каримов, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон Мавзуна Орумбекова, муовини сардори шуъбаи АРКИ  Самандар Ниёзов ва сармутахассиси шуъбаи библиографияи миллӣ Зафар Ғолибов бо мақсади расонидани ёрии амалии методӣ ба китобхонаҳои давлатию -оммавии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва Дарвози Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон  сафар карданд.

   Ҳадафи ин сафар тибқи нақшаи Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои расонидани ёрии амалию методӣ ба китобхонаҳои давлатию-оммавии минтақаҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тарзи ҳуҷҷатнигорӣ дар китобхонаҳо, омода намудани нақшаи корӣ, ҳисоботҳои (семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа, солона)  гузориш ва маълумотномаҳо, ташкил намудани намоишҳои доимоамалкунандаи китоб, таҳия намудани дастурҳои библиографӣ – методӣ, усулҳои омода сохтани дастгоҳи маълумотдиҳӣ- библиографӣ, услуби таҳияи дастурҳои методӣ ва библиографӣ, низоми автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, ҳамкории китобхона бо китобхонаҳои дигар ва бо Китобхонаи Милии Тоҷикистон, системаи феҳристҳо, расондани ёрии амалию методӣ ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаи татбиқ ва истифодаи CAИK (системаи автоматикунонии иттилоотии китобдорӣ) ва тавсия намудани барномаҳо оиди автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии китобхонаҳо буд.

   Бояд гуфт, ки дар вилоят зиёда аз 180 китобхонаҳои давлати ба муштариён хизмат мерасонанд. Аз ҷониби гурӯҳи эъзомии Китобхонаи миллӣ ба китобхонаҳо 400-нусха китобҳои нусхабардоришуда дар шакли электронӣ (ПДФ), 8 фита китобҳои электронӣ роҷеъ ба «Озмуни ҷумҳуриявии фурўғи субҳи доноӣ…», 9 нусха дастурҳои методию – библиографӣ дар шакли электорнӣ туҳфа шуд  ва ба компютерҳо барномаи ПДФ ва дигар барномаҳоро ворид гардид.

   Гурӯҳ баъди санҷиши фаъолият ба раёсати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон чунин пешниҳодҳо намуд: 

- равон намудани кормандони ғайри соҳаи китобдорӣ ба курсҳои такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ;

- таъмин намудани китобхонаҳо бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;

- тарғиб ва ташвиқи хонандагон ба китобу китодорӣ;

- ҳавасмандгардонии кормандони китобхонаҳо дар ид ва ҷашнҳо;

- чалби мутахассисони ҷавон ба китобхонаҳо;

-барои харидории китобҳои тозанашр ва рўзномаву маҷаллаҳо маблағҳои бештар ҷудо карда шавад;

- истифодабарии технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо бештар ба роҳ монда шавад.

М. Каримов,

 Сардори Маркази такмили ихтисос        

Барчаспҳо: