Китоби нав. “Народная газета” о Народном Президенте”
Нашр шуд 2020-12-30 10:03
Китоби мазкур бо талоши дастаҷамъии ҳайати эҷодии нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” таҳия гардида, ба таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95-солагии рӯзномаи “Народная газета” ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мураттибон дар китоб феҳристи маводи дар ҳамин рӯзнома нашршударо дар бораи кору фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ намудаанд.
Қобили зикр аст, ки рӯзномаи “Народная газета” ягона нашрияи давлатиест, ки барои мардуми русзабон чоп мешавад. Нашрия фаъолияти худро бо номи “Советский Таджикистан” аз моҳи ноябри соли 1925 оғоз кардааст. Дар солҳои 30-юм бо сабабҳои техникӣ таи ду сол нашр нашуд. Танҳо соли 1939 бо ибтикор ва дастгирии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур нашрия дубора ба фаъолият оғоз кард. 9 сентябри соли 1991 рӯзномаи мазкур унвони “Народная газета”-ро гирифта, ҳамқадами даврони соҳибистиқлолиии Тоҷикстон гардидааст.
Дар китоби мазкур аввалин бор матни пурраи суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 1991-1999 дар саҳифаҳои рӯзномаи “Народная газета” чоп шудаанд, гирдоварӣ шудааст.
Китоб барои доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.
Китоби “Народная газета” о Народном Президенте”-ро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон метавонед дастрас ва мутолиа намоед.
Бунафша Раҳмонова