Рисолаи мазкур бо ибтикору мусоидати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ ва рўзномаи «Нигоҳи халқ» нашр гардидааст. Дар муаррифии китоб омада, ки имрўз дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқоди ғайримунсифона нисбат ба сиёсати давлатӣ ба чашм мерасад, ки бевосита як навъ ҳуҷум ба машраби фикрии ҷомеа, бавежа ҷавонон буда, аз ҳар як фарди худогоҳ зиракии сиёсиро тақозо менамояд.
Рисолаи мазкур ҷавобнома ба чунин пиндорҳои ғаразноки гурўҳе аз нотавонбинон аст, ки бо ҳар роҳу баҳона ва ҳар шаклу тарона ба интиқоди сиёсати давлатӣ мепардозанду кулли комёбиҳои бузурги моро нодида мегиранд.
Раиси ин ноҳия дар сарсухани китоб аз ҷумла менависад, ки асари “Пешвои миллат аз тафаккури миллӣ» аз як ҷиҳат инъикоси афкори ҷавонон ва сипосгузории онҳо ба Пешвои миллат бобати ғамхориҳои пайваста ва падарона бошад, аз дигар тараф, чӣ тавре ки худи муаллифон иброз доштаанд, нотавонбинон аст, ки худ қудрати нигоҳубини оилаи худро надоранд, аммо муваффақиятҳои беназири халқи бузурги кишварамонро, ки бо сарвари Пешвои миллат ба даст овардем, нодида мегиранд.
Таълифи китоби мазкур бори дигар далели он аст, ки ҷавонмардони мастчоҳӣ ҳамеша дар атрофи сиёсати ҳукумату давлати конститутсионӣ ва сиёсати оқилонаю
ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муттаҳид буданд, ҳастанд ва муттаҳиду содиқу сазовор боқӣ хоҳанд монд.
Дар асари мазкур омилҳои офаридани тафаккури миллӣ аз ҷониби Сарвари давлат, заминаҳои эътимоди Пешвои миллат ба ҷавонон дар рушди ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, нақши Президенти кишвар дар рушди забони давлатӣ ва асолати он, мақоми асари «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Ҷаноби олӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, таассури асари «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат дар ташаккули фарҳанги худшиносии ҷавонон, арҷгузории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанг, фарҳангсолории Президенти кишвар, бавежа таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба Камоли Хуҷандӣ, таҷассуми симои Сарвари давлат ҳамчун асосгузор ва таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияти миллӣ дар эҷодиёти адибони ҷавони тоҷик ба риштаи таҳқиқ кашида шуда, муҳимтарин хусусиятҳои хоси суханронии Пешвои миллат дар созмонҳои байналмилалӣ, ки бояд дастури гуфтор ва меҳвари суханронии ҷавонони мо бошанд, ташреҳ ёфтаанд.
Муаллифони китоб Ш.Шарипов, А.Шарипов ва М.Калонова буда, ба теъдоди 100 нусха дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.
Таҳияи Оинамо Имомназарова, мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон