Нақши муассири Пешвои миллат дар илму техника ва технология

  Асри XXI давраи босуръати илму техника ва техналогия, зуҳури самтҳои нави илм ва дар маҷмўъ таҳавулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, сатҳи омўзиш ва дар амал татбиқ кардани онҳо дар навбати аввал аз фаъолияти устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсили хубу босифати ҷавонон вобаста аст. Зеро дар чунин шароит талабот ба фарогирии маърифату дониш торафт ҷиддӣ гардида, илм рўз ба рўз ба манбаи арзишманд ва пурқиммати башар табдил меёбад. Гузашта аз ин, дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо карда истодааст.

  Бо боварии комил метавон гуфт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар талоши он аст, ки бо қадамҳои устувор миллати тоҷикро пеш барад. Ва рушди сатҳи зиндагии шоистаро таъмин намояд.

  Дар ҷаҳони муосир омили асосии  рушди устувори иқтисодиёт ва ноил гардидан ба сатҳи баланди зиндагии аҳолӣ бо роҳи иҷтимоиёт  нигаронидашудаи рушди инноватсионӣ гузаштаи он мебошад. Ҳар як мамлакат бояд ба ташаккули низоми миллии инноватсионии худ, ки он принсипҳои умумии фаъолияти инноватсионӣ ва дар баробари ин, бо назардошти махсусиятҳои мамлакат сохта шудааст, кўшиш намояд. Ба ҳамин хотир бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Стратегияи рушди инноватсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 таҳия ва қабул гардид. 

  Ин чанд сатр аз мақолаи Б.Аҳмадов – декани факултаи механиконии кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки бо номи “Нақши муассири Пешвои миллат дар илму техника ва технология” иқтибос шуд. Мақолаи мазкур дар китоби “Пешвое, ки халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот дод” ҷо дода шудааст. Китоб соли 2016 аз ҷониби Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур чоп шуда, дарбаргирандаи ҳудудан 30 матлаби таҳлилӣ мебошад.

Китобро шумо метаовнед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Шаҳло РАҲИМОВА,

мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти ҶТ.