Китоби нав: “Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ”
Дар ин маҷмўа мақола ва маърўзаҳои устодони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки перомуни хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, барқарории сулҳ ваҳдати миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун ва санъати миллии тоҷикон, арзиш ва ҷойгоҳи забони тоҷикӣ, низоми маориф ва таълиму тарбия, густариши соҳаи сайёҳӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таҳқими сиёсати давлатии ҷавонон таълиф гардидаанд, гирд оварда шудааст.
Дар пешгуфтор мураттибон навиштаанд, ки ҳангоми мутолиаи маҷмўа бори дигар дармеёбем, ки Пешвои муаззами миллат аз рўзҳои нахустини давлатдорӣ ба фарҳанг таваҷҷуҳи махсус дошта, имрўз масъалаҳои марбут ба фарҳанги миллӣ дар меҳвари сиёсаташон қарор дорад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир,тарғибу ташвиқ,таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо фаросату ҷасорат, сиришти пок ва фитрати азалӣ дар маснади бузурги роҳбарӣ нишастанд ва давлатдории миллии тоҷиконро дар даврони муосир асос гузоштанд. Ҳаводису рўйдод ва воқеаҳову дастовардҳои бисту нуҳ соли баъди ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани мамлакат собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг, ҳамчун таҷассуми симои маънавии халқ,муттаҳидсозандаи нерўҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана,муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳанд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар раванди тамаддунофарии башарият ҳар нафаре, ки дар ҷодае қадамҳои нахустин мениҳад ва барои амале аввалин шуда иқдом мегирад, ўро асосгузор ё бунёдгузор меноманд
Маҳз барои Тоҷикистони тозаистиқлол Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадоре мебошанд, ки истиқлолияти комили сиёсиро таъмин намуда, ваҳдати миллиро устувор сохта, иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонданд. Аз ин рў, Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон, ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳам Асосгузори Тоҷикистони мустақил арзанда ҳастанд.
Муаллифони мақолаҳои ин маҷмўа ба асноди далелҳо собит карданд, ки дар мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак», таҷлили ҳамасола ва бошукўҳи Иди байналмилалӣ Наврўз, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Сайри гули лола, инчунин Рўзи Шашмақом, Рўзи Фалак, Рўзи китоб, дастгрии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ бозиданду мебозанд. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ, аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи Миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат оину ҷашнҳои миллӣ, назири Наврўз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, қисме аз арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шашмақом ва Наврўз ба Феҳристи мероси ғайримоддии Юнеско ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии созмони фавқуззикр ворид шудаанд. Соли 2019 мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ барои ворид шудан ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод гаштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ,эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд, ки ин ҳама дар мақола ва маърўзаҳои илмии дар ин маҷмўа гирдовардашуда инъикос ёфтаанд.
Китоби мазкурро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи М.Муҳаббатова