Китоби нав: “Пешвои муаззами тоҷикон”
Нашр шуд 2020-12-04 14:11
«Пешвои Муаззами Тоҷикон» маҷмўаи шеърҳои ашъори шоир Дилшод Абдукарим буда, дар он азму талош, созандагию ободкорӣ ва хизматҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон васф гардидааст.
Ҳамчунин фарогири мавзўъҳои Ватан, сулҳ, модар, истиқлолият, ишқу ҷавонӣ ва тасвири табиати биҳиштосиву созандагӣ ва ҳуввиятӣ миллӣ ҳидоят мекунад.
Шеърҳои шоир ба мисли гулҳои баҳорӣ як бўю таровати хуше дорад, ки аз ҳаёти пурсамари кории ў дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва то ба рутбаи полковники милитсия расиданаш дарак медиҳад.
Китоби “Пешвои муаззами тоҷикон”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.