Сарсухани устод Садриддин Айнӣ ба китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”

Аз бозе, ки вақоъеро таърих қайд мекунад, то имрўз дар диёри  Мовароуннаҳру Туркистон, чунон ки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшона ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба арсе ё тасаллути подшоҳеву амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк, ва ўзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷёфта ҳаст. Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи «тоҷик», ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост.

     Дар ҳолати ҳозира ҳам мо мебинем, ки дар Бухоро, Самарқанд, Истаравшан (Ўротеппа), Хуҷанд, Фарғона, Фалғар, Масчоҳ ва умуман дар шарқи Бухоро ин қавм зиндагонӣ доранд ва забон, урф, одату адабиёти худро ба тамому камол нигоҳ доштаанд.

    Баъд аз инқилоби уктабр дар Туркистону Бухоро ҳукуматҳои шўроӣ азбаски ба номи ўзбак таъсис ёфт, фармонҳо, дастурамалҳо, китобҳои мактабӣ ва китобҳои сиёсӣ ҳама ба забони ўзбакӣ нашр шуданд, қавми тоҷик, ки соҳиби маданияти қадимаву дорои адабиёти нафиса буд, аз адабиёти нави инқилобӣ, аз мактабҳои шўроӣ ва аз гузориши аҳволи дохиливу хориҷӣ ва аз тарбияти сиёсӣ ва билҷумла аз тамоми меваҳои инқилоб маҳрум монд.

     Қавми тоҷик, азбаски аз рўзномаҳои ўзбакӣ дуруст истифода карда наметавонист, надонист, ки ҳукумати шўроӣ ва фирқаи иштирокиюн ба масъалаҳои миллӣ чӣ назар дорад ? Забону адабиёти миллатҳоро ба чӣ дараҷа тақдир мекунад? Ва умуман адабиётро чӣ  миқдор қимату эътибор медиҳад ? Адибони тоҷик, ки умре ба адабиёт машғулӣ доштанд, дар ин аҳд аз ривоҷи  маслаку пешаи худ бакуллӣ маъюс шуда, худро ба гўшаҳои нокомӣ кашиданд ва ба забони ҳол гўё ки мутаранними «Он Нили маърифат, ки ту дидӣ, хароб шуд» гардиданд.

    Албатта, ин гумону ақидаи эшон аз бехабарӣ буд, зеро ки агар аз аҳволи ҳозира он чӣ ҳаст, хабардор мешуданд, медонистанд, ки Ҳукумати шўроӣ ва фирқаи иштирокиюн дар бораи забону адабиёти миллатҳо умуман ва адабиёти миллатҳои мазлума чӣ қадрҳо ривоҷу қимат медиҳад ? …

    Маълум аст, ки дар адабиёти сиёсии арабу Эрон арбоби сайфу қалам ҳамеша баҳам зикр ёфта, идораи дунё ҳар вақт аз ин ду синф чашм дошта шудааст. Бо вуҷуди ин, дар аҳди подшоҳони мустабиди  Шарқ, билхосса дар замони амиру хонҳои охирини Бухорову Туркманистон, аҳли  қалам, чунон ки бояду шояд, қадру эътибор наёфтаанд. Ҳар вақт адиб ва шоироне, ки подшоҳро маддоҳӣ кардаанд ва мактаби тамаллуқу риёро некў хондаанд, ба нозу неъмат расидаанд, аммо оммаи удабову фузало дар камоли мўҳтоҷиву сахтӣ рўз гузаронидаанд. Ҳатто бо сабаби танқидоте, ки ба гузориши ҳолати замони худ ба тариқи сароҳат ё ки ишорат кардаанд, ҷазоҳои сахт дидаанд, ба мусодираву қатл гирифтор омадаанд (дар ин бора дар асли мисолҳо хоҳад дида шуд). Чунончи дар аҳди амирони охирии Бухоро аз сад шоиру адиб яке ба касабае  қозӣ ё ки ба маҳаллае  раис мегардид. Ё ба соле садақа гўён  ба гирифтани як ҷомаву сад танга пул аз амир муваффақ мешуд. Бо ин ҳама ин илтифотдидагон аз синфи мумтози удабо набуда, аксарӣ аз ҷумлаи мутамаллиқини ҳарзагўй ба шумор мерафанд. Аммо бисёртарини адибони мумтоз маҳруму матрук мемонданд.

     Маъазолика, ҳамин қадар муомилаи амиру хонҳо, ки ҳақиқатан ба чизе намеарзид, ҷавононро ба сўи адабиёт савқ мекард.

     Аммо дар аҳди Ҳукумати шўроӣ аҳвол тамом дигар аст: ҳар адибу шоир ба қадри фазлу камолаш қимату эътибор меёбад.

      Агар адибони тоҷик ё ки ҷавонони толиби адабиёти тоҷик аз аҳвол хабардор мебуданд, медонистанд, ки дар замони Ҳукумати шўроӣ ҳеҷ синф ба масобаи синфи адибу муҳаррир ба осудагиву фароғбол зиндагонӣ надорад.

    Дар ин аҳд шоирону муҳаррирони бо камоли озодӣ, аз ғайри маҷбурияти  касе ба олами инсоният ё ки ба қавму миллати худ хидмат мекунанд. Муздро бояду шояд аз ҳукумат меситонданд. Илова бар ин, аз бандагиву маддоҳӣ кардан ба як шахси мустабид, ки ин шева ору нанги инсоният аст, фориғу озод ҳастанд.

     Баъд аз таъсису барпо шудани ҳукуматҳои миллӣ дар Осиёи Миена, Ҳукумати Ҷумҳурияи мухтори Тоҷикистон, ки яке аз меваҳои  тадбири миллист, барпо шуд. Ҳукумати ҷавони Тоҷикистон дар аввали ваҳла нуқтаҳои дар боло шаҳрёфтаро ба назар гирифта, хост, ки маҷмўае ба номи «Намунаи адабиёти тоҷик» нашр кунад, дар ин маҷмўа на танҳо асари адибони муосир ё шеърҳои инқилобии шоирони ҳозираро, балки порчаҳои адабии шоирону муҳаррирони тоҷикро, ки аз замони қадим то ҳол дар Туркманистону Мовароуннаҳр расидаанд, дарҷ кунонад. Бад – ин восита номи гузаштагонро зинда ва ҷавононро ба адабиёт ташвиқ намояд, ба арбоби адабиёти тоҷик хотирнишон кунад, ки «бозори адабиёт имрўз бештар аз пештар гарм аст. Агар матоъе доред ва агар димоғе доред, кор кунед! Инак, гўй, инак майдон!»

    Ҳукумати Тоҷикистон вазифаи худро адо кард. Акнун бинем, то кумайти қалами кадом шермард  даванда аст ва дасту панҷаи кадом қаҳрамони нозукхаёл сафҳаорост? Ошиқ бисёр аст, вақт аст, ки шоҳидони адабӣ ба маҷлис бепарда арзи ҷамол намоянд.

Як ду сухан дар бораи тартиби китоб

    Чун Ҳукумати мухтори Тоҷикистон ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» - ро ба камина ҳавола намуда, бовуҷуди адами иқтидор, бинобар камоли ишқам ба адабиёт ин хидмати муқаддасро қабул намудам. Дар бораи вазъи ин маҷмўа тартиби зайлро дар андеша гирифтам: аз аҳди устод Абулҳасани Рўдакӣ то ҳол аз осори адибони машҳур, ки дар Мовароуннаҳру Туркистон расидаанд, ё ин ки бо ин сарзамин муносибате баҳам расондаанд, ба қадри вусъи татаббўъи ҷомеа ва ғунҷоиши ҳаҷми китоб намунаҳои манзуми мансур ҷамъ карда мешавад.

        Ба асарҳои мутааххирин нисбат ба пешиниён бисёртар ҷой дода мешавад, зеро асарҳои мутақаддимин дар девонҳо, тазкираҳо, дар китобҳои адабиёти форсӣ ва дар намунаи адабиёти Эрон машруҳан сабту қайд ёфтаанд. Аммо асарҳои аҳди охирӣ дар баёзҳову тазкираҳо ҷамъ шуда бошанд ҳам, бинобар чоп нашудан дар миёнаи оммаи аҳолӣ шоеъ нестанд. Дар қисми намунаҳои осори муосирин боби алоҳида барои адабиёти ҷадиду  инқилобӣ  тахсис карда мешавад. Бад – ин восита ҷавонони мустаъидро ба адабиёти нави инқилобӣ ташвиқ карда мешавад.

       Таърихи ҳаёт, таваллуду вафоти ҳар адиберо, ки асараш ба маҷмўа дарҷ мешавад, ба қадре ки ҷомеъ даст меёбад, муҷмалан қайд  карда мешавад. Дар бораи ононе, ки тарҷумаи ҳолашон ба даст надаромадааст, ба маълумоти тақрибиву тахминӣ иқтифо намуда меояд.

     Ба ҳар ҳол, бо ҳамаи нуқсону камии татаббўи ҷомеъ, ин маҷмўъа дар ин боб муқаддимаворе  хидмат хоҳад кард. Аммо тадвину такмили ин мавзўъ, чунон ки бояду шояд, хидмати ҷавонони мустаъиди фаъолро мунтазир аст.

                                                     Садриддин Айнӣ,

 15 марти соли 1925 мелодӣ, Самарқанд.

Танбеҳ:

Барои осон шудани мутолаа дар китобат аз қабили фосила, нуқта, муътариза ва амсолаш ишоратҳоеро, ки ба расми хати ҳолия манут аст, истеъмол карда шуд.

Бознашр аз китоби устод Садриддин Айнӣ

“Намунаи адабиёти тоҷик”, Душанбе, 210.

Рӯнависии Сайрон Сафарова,

мутахассиси пешбари кӯдакон ва наврасон.