Конфронси илмӣ бахшида ба 105 – солагии нахустрўзномаи тоҷикии «Бухорои шариф»

Донишмандон ва муҳаққиқони тоҷик бар ин назаранд, ки аввалин нашрияи тоҷикӣ – “Бухорои шариф” ба ҳадафи эҳёи муҷаддади шўҳрату шараф ва азамати гузаштаи Бухорои бостонӣ чунин номугзорӣ шуд. Ва дар яке аз шумораҳои худ ҳатто ба ин суол ҳам посух дод, ки “нияти мо зинда намудани номи Бухорои шариф аст, ки исми шарифи ў матрук нашуда...”.
Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ бахшида ба 105 – солагии нахустрўзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» баргузор гардид.
Конфронсро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода оғоз  намуда, ҳозиринро бо фарорасии Иди Наврўзи ҳуҷастапай шодбошу таҳният гуфта, нашри нахустрўзномаи тоҷикии «Бухорои шариф”-ро дар рўзҳои баҳорӣ сафҳаи наве дар раванди таҳкими забону адаб ва фарҳанги миллати тоҷик унвон намуд.
Профессор Сайфиддин Назарзода қайд намуд, ки «матбуот аз замони пайдоиши худ инъикосгари рушду густариш ва тағйироту дигаргуниҳои забони модарии мо будааст. Пайдо шудани матбуот ба даврае рост омад, ки Осиёи Миёна ва мардуму сокинони ин минтақа ба гирдоби таҳаввулоти бунёдии иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ печида буданд».
Ба андешаи профессор Сайфиддин Назарзода «таъсири ҷаҳони мутамаддини ғарб ба афкори пасмондаи даврони нимфеодаливу нимқабилавии Аморати Бухоро ба андозае буд, ки баъд аз бист соли барҳам хўрдани аморати Бухоро халқҳои ин сарзамин тамоман дигаргун гаштанд ва баъзе ҳатто тасаввур намекарданд, ки дар ин муддати кўтоҳ чунин тағйиротҳои бунёдӣ рўй медиҳанд. Ҳукумати Шўравии Тоҷикистон дар ин муборизаи кўҳна ва нав матбуотро васила  ва силоҳи асосии худ қарор дода буд ва аз он ба таври самарабахш истифода мекард».
Дар ин зимн муҳаққиқ ва рўзноманигори тоҷик Қироншоҳ Шарифзода дар мавзўи «Заминаҳои пайдоиши рўзномаи «Бухорои Шариф» маърўза кард ва қайд кард, ки: «Пайдоиши нашрияе дар муҳити тангу тори оғози даҳаи дуюми асри гузашта дар Осиёи Миёна бо забони мардуми таҳҷоӣ аслан як падидаи шигифтангезест. Вале на дар Самарқанду Тошкант на дар Фарғонаву Қўқанд, ки дар ҳайати Туркистон буда, бинобар таъсирпазирӣ аз ҳаёти сиёсию иҷтимоии Русияи подшоҳӣ тағйироту таҳаввулоти ҷориро зуд пазируфтаву аз пайи татбиқ мешуданд, маҳз дар Бухоро рўйи кор омадани рўзномаи тоҷикӣ ҳоло аз он ҳам ҷолибтар метобад”.
Қироншоҳ Шарифзода ба ин суол ҳам посух дод, ки чаро рӯзнома маҳз “Бухорои Шариф” ном гирифт. «Худи “Бухорои Шариф” низ дар шумораи ҳафтуми худ (19.марти с. 1912) зери сарлавҳаи «Ихтор» дар ҷавоби эроди баъзе муштариёнаш дар нисбати номи нашрия менависад, «ки нияти мо зинда намудани номи Бухорои шариф аст, ки исми шарифи ў матрук нашуда...”.
Муҳаққиқи нуктасанҷ Абдухолиқи Набавӣ дар мавриди тасодуфӣ набудани интихоби исми «Бухорои шариф» андеша ронда, барҳақ менависад, ки «номи мазкур як мақсаду нияти чандҷиҳатаеро дар худ ғунҷоиш додаст, ки он ҳам…ба Бухоро баргардонидани шўҳрату шараф ва азамати гузаштаи он ва ҳампои ҷаҳони мутамаддини замонӣ дидани вай аст, то ки ояндаи саодатманде насиби ў шуда бошад».
Инчунин, маърўзаи муҳаққиқи ҷавон, мудири шуъбаи матбуоти даврӣ Муҳаммадиқбол Атоев дар мавзўи «Ташаккули жанрҳои публитсистӣ дар рўзномаи «Бухорои шариф» ироа карда шуд. Муҳаққиқ таъкид намуд, ки «Бухорои шариф» дар ташаккули жанрҳои публитсистика нақши бағоят муҳим дорад, ки намунаҳои жанри хабар, репортаж, мусоҳиба, мактуб, мақола, фелетон ва монанди инҳоро дар саҳафоти рўзнома зиёд мушоҳида мекунем. Дар рўзномаи «Бухорои шариф» жанрҳои хабарӣ яке аз серистеъмолтарин жанрҳо маҳсуб меёбанд. Агар маводи умумии рўзномаро аз лиҳози жанрҳо тақсимбандӣ намоем, маълум мешавад, ки зиёда аз 50 дарсади матни саҳафоти рўзномаро маводи дорои хусусияти иттилоотӣ ва тавъам ба жанрҳои хабарӣ ташкил медиҳад».
Ёдовар бояд шуд, ки рўзномаи «Бухорои шариф» нахустин рўзномаи тоҷикӣ аст, ки 11- марти соли 1912 дар матбааи шаҳраки Когони наздики Бухоро ба табъ расида, бо чопи шумораи 153-юм, 2 –юми январи соли 1913 аз фаъолият бозмондааст. Ба ифтихори зодрўзи «Бухорои шариф» аз соли 1996 то ба инҷониб 11 - март ҳамчун Рўзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.

Фарзонаи МИРЗО

Барчаспҳо: