«Матбуоти даврӣ-ҳифзкунандаи таърих ва фарҳанги миллат»

   Чунин ном дошт ҳамоише, ки баъд аз зӯҳри имрӯз бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, устодони бахши журналистика дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Ин ҳамоиш ба ба муносибати  Рўзи матбуоти тоҷик бахшида шуда буд.

   Ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март, ки ба рӯзи нашри аввалин рузномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» рост меояд, таҷлил менамояд. Лозим ба зикр аст, ки Рўзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май- рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи «Правда» таҷлил мегадид ва соли 1994, пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони кишвар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд.  

    Ҳамоишро бо суханони муқаддамотӣ Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода оғоз намуд. Вай бо муборакбодии ин рӯзи таърихӣ аз ҷумла гуфт: “Имрўз мероси гаронбаҳои матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо шумори беш аз як миллион нусха (1 216 188) рўзномаву маҷаллаҳое, ки солҳои гуногун бо ҳуруфи тоҷикӣ, форсӣ, русӣ-кириллӣ ва лотинӣ нашр шудаанд, дар Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд. Ин бойгонии мероси маънавии миллат аз соли 1935 то имрӯз барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ намудани матбуоти даврӣ ва иттилоотонию ташаккул додани маърифату маънавиёти мардум саҳми арзанда гузошта, имрўз боз дар фазои соҳибистиқлолии кишвар ба ғайр аз мутолиаи ҳамешагии хонандаҳо як махзани бузурге барои устодону донишҷўён, олимону пажўҳишгарон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун мебошад”.

Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки аз теъдоди 153 шумораи нахустрўзномаи сирф тоҷикӣ «Бухорои шариф» имрўз 110 шумораи он дар шакли электронӣ дар хидмати хонандагон қарор дода шудааст ва аз он донишҷӯёну пажӯҳишгарон ва хоса ҳар касе, ки мехоҳад бо таърихи рушди матбуоти икшвар ошно шавад, метавонад озодона истифода барад.  Директори Китобхонаи миллӣ суханони устод Садриддин Айниро нақли қавл кард, ки фармуда буд: «Рўзномаи ҳар қавм ва  миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гўё забон надорад. Қавми берўзнома мисли одами безабон дарду ранҷ ва орзуву амоли худро гуфтаву барои муттаҳидиву якдилӣ саъю талош карда наметавонад. Акнун, ки қавми мо забон баровардааст, метавонад ҳамаи дардҳояшро ба рўзномаи худ нависад, аз аҳволи олам бохабар шавад ва дари дилашро ба воситаи  рўзномааш, ки бо забони тоҷикист, ба ҳар кас во намояд».

   Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки дарду ранҷ, шодию нишот ва орзую омоли мардум бештар дар авроқи рӯзномаю маҷаллаҳо сабт мегарданд. Хушбахтона имрўз низ рўзномаю маҷаллаҳои мо дар баробари сомонаҳои интернетӣ истодагарӣ карда, дар авроқи худ таъриху фарҳанги миллати моро маҳфуз медоранд. Ба андешаи мо хусусияти нигоҳ доштани иттилоотро то ба асрҳои дур ҳеҷ гоҳ сомонаҳои интернетӣ дошта наметавонанд, зеро дар натиҷаи садамаҳои техникӣ эҳтимоли аз байн рафтани маълумоти маҳфузбуда ҷой дорад.

Баъдан, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода сухаронӣ кард ва нақши матбуот дар ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кард.                                                                                            

   Доктори илмҳои таърих, профессор Қаҳҳори Расулиён дар мавзӯи «Аз таърихи таъсиси матбуоти форсӣ-тоҷикӣ», дотсенти Кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ Қутбиддин Мухторӣ дар мавзӯи «Мушкилоти саводи расонаӣ-иттилоотӣ дар Тоҷикистон», унвонҷӯи Кафедраи матбуоти ДМТ ва мушовири калони Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадиқбол Атоев дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди пажўҳишоти илмӣ дар соҳаи матбуоти миллӣ»  суханронӣ карданд. 

Бахше аз ин маърӯзаҳо дар зудтарин фурсат дар сомонаи мо нашр хоҳанд шуд.

Фарзонаи МИРЗО