Суханронии профессор Абдусалом Мирализода дар ҳузури ҷамъе аз хонандагон ба ифтихори Наврӯз

Ҳамкорони азиз ва ҳозирини арҷманд!

Фарорасии Наврўзи Аҷамро, ки бо талошу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ҷаҳонӣ гардид, ба  Шумо меросбарони асили ин падидаи нодири фарҳанги ҷаҳонӣ, самимона табрик мегўям.

Агар ба таърихи гузаштагонамон назар андозем, дарк хоҳем кард, ки ҷашни Наврўз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони ориёитабор буда, беш аз панҷҳазорсола умр дорад.

Наврўз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рўз дар баҳор мебошад, чуноне ки шоир мегўяд:

Диёрам иди Наврўзат муборак,

Баробар шуд шабу рўзат, муборак!

Дар мавриди таърихи Наврўз дар сарчашмаҳо маълумотҳои зиёде мавҷуд аст, ки аз куҳанбунёд будани ин иди хуҷҷаста гувоҳӣ медиҳанд. Алалхусус, маълумоти муфассал ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абўрайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абўсаиди Гардезӣ ва чанде аз дигарон метавон пайдо кард. Ҳамчуноне, ки аз номи ин ид бармеояд, Наврўз маънии «рўзи нав»-ро дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.

Абўрайҳони Берунӣ дар китобаш «Ат-тафҳим» менависад, ки «Нахустин рўз аст аз фарвардинмоҳ ва бад-ин ҷиҳат Наврўз ном гирифта, ки оғози соли нав аст ва то панҷ рўз пас аз он ҷашнҳо барпо мегарданд ва рўзи шашуми фарвардинро ҷашни бузург ва Наврўзи малик  гўянд».

Дар осори таърихӣ хусуиятҳои неки Наврўз муфассал зикр гардидаанд, ки аз созандагӣ, бунёдкорӣ, ваҳдатофарӣ, рафоқату дўстӣ ва меҳру муҳаббати ин миллати сафедпўш дарак медиҳанд. Маҳз хусусиятҳои неки Наврўз буд, ки санаи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қарорномаи «Рўзи ҷаҳонии Наврўз» ба тасвиб расид. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рўзи байналмилалии Наврўз таҷлил гардад ва ин нияти хайр аз соли 2010 инҷониб дар тамоми сайёра бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Воқеан дар таърихи фарҳанги мардуми ориёӣ ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврўз азизу арҷманд нест. Ин иди аҷдодӣ, насли имрўзро бо расму ойин,  арзишҳои ахлоқӣ, меҳру муҳаббат ва анъанаҳои неки ниёгонамон мепайвандад.

Мавриди зикр аст, таҷлили Наврўз бо соли «Рўшди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тавъам аст. Соли 2018 ҳамчун «Соли рўшди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Пешвои миллат эълон карда шуд, ки дар ин рўз меҳмонон метавонанд аз фарҳанги волои миллати тоҷик ошноӣ бештар пайдо намоянд ва ба ин васила анъанаву суннатҳои қадимаи мардумии мо барои ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ  гарданд.

Ҳозирини арҷманд!

Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои илму фарҳанг ва одобу хиради кишварамон маҳсуб мегардад. Зеро дар ин махзани бузург осори илмию адабии ниёгони мо ҳифз карда мешаванд, ки саршор аз худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буда, хонандаро ба дўст доштани ватану миллат ҳидоят мекунад. Аз ин рў, дар ин фасли зебои сол - баҳори нозанин, дар ин лаҳзаҳои фаромўшнашаванда аз Шумо ҷавонони гиромӣ даъват ба амал меоварам, ки аз махзанҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон самаранок истифода намуда, донишу ҷаҳонбинии худро мукаммал намоед ва дар оянда дар гулгулшукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон, саҳмгузор бошад. Зеро бидуни мутолиаи китоб мо наметавонем ба мақсадҳои аслии худ ноил гардем, роҳу равиши зиндагии ҳақиқиро пайдо намоем. Маҳз китоб машъалафрўзи роҳи зиндагии ҳар як инсон аст.

Мо Раёсат ва аҳли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳем, ки сифати кори худро ба талаботи замони муосир мутобиқ намуда, вазифаи худро софдилона иҷро намоем…..

Имрўз дар чеҳраҳои ҳар яки Шумо хандаи моҳу дурахши хуршеди баҳориро мебинам, ки ин ҳама аз баракат ва файзи баҳори оламафрўз ва Наврўзи хуҷҷастапай аст. Шоир хуб фармудааст, ки:

Шоду фархунда шуда, марду зану пири Ватан,

Ҳама дар партави фарҳанги ҷаҳонгири Ватан.

Дар охир бори дигар Шумо ҳамкорон ва меҳмонони гиромиро ба фарорасии Наврўзи ҷаҳонӣ шодбош гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, умри дароз ва шодию нишотро таманно дорам.

Саломату сарбаланд бошед!

ШАРҲИ МО: Ин ҷамъомад субҳи имрӯз дар саҳни Китобхонаи миллӣ бо ҳузури густардаи ҷамъе аз хонандагони Китобхона, кормандон, меҳмонон ва сокинони пойтахти кишвар баргузор шуд. Дар он ҳунармандон шеъру таронасароӣ карданд, ширкаткунандагон ҳамдигарро ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз муборакбод намуданд.