«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Китобхонаи миллӣ барои баргузории даври ниҳоии он омода аст
Нашр шуд 2020-12-02 15:45
Бо омақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 толори махсус ба ҳар як наминатсия омода карда шуд. Масъулони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамин шабу рӯз пайи ороиши толорҳо, насби намолавҳа ва дигар корҳои муҳим машғул мебошанд, ки ҳадаф дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.
Зимни суҳбат бо мо муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов иброз дошт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории даври ҷамбастии озмун ҳамаҷониба омода мебошад, ҳар як номинатсияи бо адабиёти зарурӣ таъмин карда шудаааст, ба хар як номинатсия 15 нафар роҳбаладон аз ҳисоби кормандони Китобхона ҷудо гардида, ҳар толор ба таври махсус вобаста ба наминатсияи озмун ороиш дода шудааст.
Маврид бар зикр аст, ки даври ниҳоии озмун аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.
Ба иттилоъи Гадобег Маҳмудов шумораи иштирокчиён ба даври ҷамбастии озмун 267 нафар аз рӯи 5 наминатсия ташкил медиҳад. Аз ҷумла:
Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рӯи ҳар як номинатсия 7 нафар аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адион ва устодони шинохтаи кишвар баҳогузори мекунанд.
Озмуни мазкур аз озмуни соли гузашта ба кули фарқ дошта, ҳар номинатсия аз рӯи сифати иштирокчиён ба се гурӯҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд аз ҷумла;
Дар озмун нахуст иштирокчиён аз Бадахшон, Суғд, Хатлон, баъдан иштирокчиёни ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ва дар охир довталабони шаҳри Душанбе шунида мешавад.
Ба андешаи муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов ба се гурӯҳ ҷудо намудани иштирокчиён кори доваронро хеле осон мекунад. Ба иттилоъи мавсуф иштирокчиёни озмун бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Иловатан дар ҷараёни баргузории озмун иштирокчиёнро сайёҳати мавзеҳои таърихию фарҳангии пойтахти кишвар интизор аст.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти эпидимологӣ тамоми чораҳои беҳдошти ҳангоми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз тарафи Китобхонаи милллии Тоҷикистон андешида шудааст. Ҷараёни озмун аз тарафи 5 шабакаи телевизиони мамлакат Тоҷикистон, Баҳористон, Сафина, Синамо ва Душанбе-HD сабт ва ба таври фаврӣ шакли пурраи он намоиш дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид.
Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардидааст. Ба ҷуз мукофотҳои пулӣ тамоми иштирокчиёни даври ниҳоии озмун бо диплому ифтихорономаҳо сарфароз меграданд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи матбуоти даврӣ