Бо ҳамин ном рӯзе қабл АМИТ «Ховар» андешаҳои ҳамкорамон, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ оид ба рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паёми Пешвои миллатро интишор дод. Муаллиф аз ҷумла гуфтааст: “Дар паёмҳои чанд соли охир истилоҳҳои «рушди неруи инсонӣ», «беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ», «зиндагии шоиста», «ҳамқадами илму технологияи муосир будан», таъбирҳои илму дониш, маърифат, одобу ахлоқ, муоширати
Мавзуъи навбатии “Дастони моҳир” – и Шуъбаи кӯдакону наврасон “Пингвин” ном дошт. Ҷонваре, ки бо хулқи аиҷибу сурати наҷиб дар яхистонҳову барфзорони қораи Арктика ва Антарктида ҳаёт ба сар мебарад. Чун пингвин бумии кишвари мо ва ҳатто минтақаи мо нест, хостем ба хонандагони худ маълумотномаи нисбатан муфассале ироа кунем.
Аз пайдоиш то имрӯз
Пингвинҳо дар рӯйи Замин хеле пеш пайдо шудаанд: дар аввали давраи кайнозой, 60 миллион сол пеш аз ин ва шояд боз ҳам пештар. Палеонтологҳо устухонҳои 40 намуди қадимаи пингвинҳоро пайдо кардаанд. Аз он ҳаддиақал 7 намудашон пингвинҳои азимҷусса, ки қадашон баробар ба қади одам ва вазнашон то 120 кило.
Ҳоло дар рӯйи Замин 15-18 намуди пингвинҳо