Сайри олами пингвинҳо дар маҳфили “Дастони моҳир”
Мавзуъи навбатии “Дастони моҳир” – и Шуъбаи кӯдакону наврасон “Пингвин” ном дошт. Ҷонваре, ки бо хулқи аиҷибу сурати наҷиб дар яхистонҳову барфзорони қораи Арктика ва Антарктида ҳаёт ба сар мебарад. Чун пингвин бумии кишвари мо ва ҳатто минтақаи мо нест, хостем ба хонандагони худ маълумотномаи нисбатан муфассале ироа кунем.
Аз пайдоиш то имрӯз
Пингвинҳо дар рӯйи Замин хеле пеш пайдо шудаанд: дар аввали давраи кайнозой, 60 миллион сол пеш аз ин ва шояд боз ҳам пештар. Палеонтологҳо устухонҳои 40 намуди қадимаи пингвинҳоро пайдо кардаанд. Аз он ҳаддиақал 7 намудашон пингвинҳои азимҷусса, ки қадашон баробар ба қади одам ва вазнашон то 120 кило.
Ҳоло дар рӯйи Замин 15-18 намуди пингвинҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи онҳо дар ҷазираҳо ва соҳили баҳрҳои нимкураи ҷанубӣ лона доранд, танҳо пингвини галапагосс дар экватор ва қисман дар нимкураи шимолӣ ҳаёт ба сар мебарад. Ҳамаи ин пингвинҳо бачаҳои худро дар зушкӣ ба дунё меоранд: дар алафҳо, дар буттаҳо, хомаҳои рег, дар миёни сангҳо ва баъзеи онҳо дар лонаҳо. Пингвинҳои шоҳӣ ва императорӣ лона надоранд, онҳо тухмашонро дар кафи дасташон нигоҳ меборанд.
Пингвинҳои калонҷусса танҳо як дона тухм мемонанд, баъзан 2 ва хеле кам ҳолатест, ки се тухм мекунанд. Аз тухмҳо дар як рӯз, баъди як ё ду моҳ якбора чӯҷаҳо сар мебароранд. Онҳоро ҳарду волидон ғизо медиҳанд. Чӯҷаҳои бавоярасида бе ёрии волидон ба вориди об мешаванд. Онҳо танҳо баъди чанд сол ба афзоиш сар мекунанд.
Дар баҳр пинвинҳо маъмулан бо селаи худ якҷо шикор мекунанд. Болашон ба бели шиноварӣ табдил шудааст, пойҳои ақиб кашидашудаашон нақши нақши зимом ва тормоз мебозад. Пингвинҳо моҳӣ мехӯранд, молюскҳои шикампо ва харчангшаклонро истеъмол менамоянд. Оби баҳр ҳам менӯшанд ва оби ширин ҳам. Барфро низ фурӯ мебаранд.
Хурдтарини онҳо 40 см қад ва 2 кило вазн дорад, калонтаринашон 1 метру 15 см ва ё каме бештар аз он ва вазнашон то 45 кило. Онҳо то 17 сол умр мебинанд ва эҳтимол дорад баъзеяшон аз ин бештар зиянд.
«Либоси» пингвин барои парбистар ба кор намеояд: вай аз пари патдор маҳрум аст, танҳо дорои патҳои хеле хурдакак дар қисмати поёнии пар вуҷуд дорад, ки нокифоя гарм мекунад, аз ин рӯ ба пингвин лоим меояд зери пӯст чарбуву равғани зиёд дошта бошад. Ғафсии равғани бадани пингвинҳои калонҷусса то 3 см мебошад. Дар айёми тӯфонҳои барфӣ (ки дар Антрактида зимистон тӯфону тундбод меъёри иқлим ба ҳисоб меравад) ин “пӯстини” равғанӣ хеле зарур аст. Ва парҳои зич ҳам дар ин ҳолатҳо кумак мекунанд: дар тӯфону бодҳои сахт, вақте шамол бо суръати 30 метр дар як сония мевазад, ягон пари пинвин аз ҷо такон намехӯрад, ҳамаи онҳо дар ҷойи худ ором меистанд ва паррандаро мепӯшонанд. Сармо дар ин манотиқ шадиду тоқатшикан аст: дар Антрактида аз берун назар ба зери пӯсти пингвинҳо ҳаво сардтар аз 100 дараҷа аст. Аммо дар ҳамин гуна сардии тоқатфарсо ин паррадаи аҷоиб на танҳо зинда мемонад, балки чӯҷаҳояшро парвариш ва ба камол мерасонад!
Дар об ва ях
Дар баҳр ҳарорат мисли соҳил чандон сард нест. Он ҷо метавон гарм шуд. Пингвин вориди об мешавад, чун медонад, ки он 50 дараҷа гарматар назар ба соҳили баҳр аст. Ва ин ҳам басо аҷоиб аст: Инсон ҳатто даҳ дақиқа ҳам дар чунин оби сард наметавонад оббозӣ кунад, аммо пингвинҳо соатҳо дар оби ях шино мекунанд ва аз 10 то 20 метр ба қаъри об мераванд, аз 2 то 3 ва пингвинҳои азимҷусса ҳатто то 5-10 дақиқ зери об мемонанд. Олимон ҳатто то 250 метр ба қаъри об фурӯ рафтану аз он берун шудани пингвини императориро ба қайд гирифтаанд! Рекорди боқӣ мондан дар зери об 18 дақиқаро ташкил додааст.
Моҳиён, калмарҳо, харчангҳо хӯроки асосии пингвинҳо мебошанд. Пингвини вазнаш миёна дар як рӯз то ним кило моҳӣ мехӯрад. Вале ин чандон зиёд ҳам нест.
Дар экватор, ки бо сангпуштони азимҷуссаи худ маъруфт аст, наздик ба 500 ҷуфти пингвинҳои галапагосс зиндагӣ мекнанд. Онҳо ҷуссаи чандон бузурге надоранд: қадашон ҳамагӣ ним метр аст. Ҳамқавми он пингвини нисбатан калонҷуссаи Гумболдт мебошад, ки он низ дар ҷанубтар, дар ҷазираҳои наздик ба соҳилҳои Перу чӯҷа мебарорад. Каме дуртар аз он дар ҷануб пингвини Магеланон зиндагӣ мекунад. Аз он тарафи уқёнус, дар соҳилҳои Африқои Ҷанубӣ пингвини айнакӣ (дар атрофи ҳар чашми вай ҳалқаи сафеди борик ҳаст ва аз ин рӯ онро пингвини айнакӣ гуфтаанд, ба мисли он ки айнак дар чашмон дорад) мустақар шудааст.
Дар ҷануби Австралия, дар ҷазираи Тасмания ва Зеландияи Нав пингвини хурдтарин – пингвинпакана зиндагӣ мекунад. Ин пингвинчаҳо хеле зебояканд. Ҳатто ба ҳадде, ки бегоҳиҳо вақти бозгашти онҳо аз сайри баҳр ба хонаро сайёҳон бо завқ тамошо мекунанд.
Ҳоло дар бораи калонтарин ва аз ҳама аҷоибтарин пингвинҳо сухан мекунем.
Пингвинҳои шоҳӣ тобистон чӯҷа мебароранд ва он ҳам дар якуним сол як маротиба ва онҳо дар ҷазираҳои наздик ба Антрактида зиндагонӣ мекунанд. Онҳо ягон хел лона надоранд: тухмашонро мисли пингвинҳои императорӣ дар кафи дасташон медоранд ва гарм мекунанд. Онҳо чун бародарон ба ҳам монанданд: пингвини шоҳӣ хусхаи каме хурдтараки пингвини императорист.
Пингвинҳои императорӣ қитъаи сардтарину марговартарини олам Антарктидаро макони зист интихоб кардаанд! Ва дар ҳамин сардии шадид, барфу тундбоди сахттарин онҳо ҳам зиндагӣ ва ҳам насл афзун мекунанд. Тасаввур кунед, дар зимистон Атрактида бештар аз 60 дараҷа сард аст! Ва боз бодҳои сарду тӯфонҳои азимаш иқлими ин минтақаи оламро сардтару ҳаётро барои ҷонварҳои сокинаш мушкилтар мегардаонад.
Моҳи апрел дар Антарктида тирамоҳ аст ва ин мавсими издивоҷ барои пингвинҳост. Қариб як моҳ изҳори муҳаббату эҳтироми ҳамдигар, бозиву шодӣ ва хонишҳои тӯёна, вале натиҷаи он чандон муассир нест: ҳамагӣ як тухм. Ва ҳатто онро ҳам бо шодиҳо, бо доду фарёдҳои нишотовар ва хурсандиҳои беҳадду марз истиқбол мекунанд. Гӯё ҳамдигарро ба чунин рӯзи расидан ба фарзанд муборакбод мекарда бошанд.
Модина ба зудӣ ин тухми ягонаро ба кафи нарина мегузорад. Онро набояд рӯйи барф афтонанд: дар сардии барф сард мешавад ва шарораи зиндагӣ дар он хомӯш мегардад. Нарина ин тухми ягонаро ҳамин хел оддӣ аз дасти мадина намегирад: ин ҳам ба худ маросиме дорад. Ба ҳамсар қасам ёд мекунад, онро бо эҳтиёт ба даст мегирад ва аз шодӣ ба ваҷд омадааст, наметавонад лаҳзае аз тухм чашм канад ва басо бо меҳрубониву навозиш ба он минқор мезанад.
Падари масъул ду моҳи дароз тухмро дар панҷаи худ мегардонад ва онро гарм нигоҳ медорад ва баъде, ки чӯҷа аз он сар мезанад, боз муддате доягӣ мекунад ва бозгашти модина аз сайри баҳрро мунтазир мешавад.
Магар дар ин муддат чӯҷа гурусна мемонад? На, падар ин чӯҷаи навтавлидро бо шир таъмин мекунад. Ба мисли кабӯтарон бо шири мурғ албатта. Ин “шир” шарбати махсусест, ки сурхрӯдаи пингвин ҳосил мекунад. Албатта, аз рӯйи ғизонокӣ он чун шир, саршир ва ё қаймоқ нест: назар ба шири гов 8 баробар бештар равған дорад (28%), сафедаи он то 60% аст ва аз сафедаи шири гов 15 баробар бештар аст.
Тӯли ин муддат модарон куҷо рафтанд? Чаро намудор нестанд? Онҳо ба уқёнус меравад ва аз соҳилҳои он моҳиҳо, харчангҳо ва калмарҳоро медоранд.
Бозгашти модарон аз сайри уқёнус бо нидоҳои шодмонӣ истиқбол мешавад. Падарон сари даст чӯҷаҳои навзод ба пешвоз мебароянд. Аз миёни ҳазорҳо пингвини модина аз рӯйи овоз “шавҳари” қонунии худ ва тифлаки парвардаи вайро пайдо мекунад. Ҳар модина дар меъдаи худ то 3 кило ғизои нимҳазмшуда меорад. Чӯҷа ҳамон замон ба кафи дасти модар менишинад ва муддати 2-3 ҳафта аз ғизое, ки овардааст, нӯши ҷон мекунад. Дар ин муддат падарон сайри уқёнус мераванд ва то бозгашти онҳо масъулияти таъмини тифлак бар дӯши модар аст. Ва чун ғизои нимҳазмшудаи меъда ба охир мерасад, модарпингвин чӯҷаро бо “шир” таъмин мекунад.
Чӯҷаи панҷмоҳа, ки ба ҷусса ҳам акнун хурд нест, бори аввал болои барф қадам мезанад. Вай меравад ба “боғчаи бачагона”. Садҳо ҳамсоли ӯ китф ба кифти ҳам гузоштаву аз гармии бадани якдигар гармӣ мегиранд ва ин гуна ҷамъомадро олимон “боғчаи бачагона” номидаанд. Пингвинҳои калонсол ин хурдакаконро аз ҳамлаҳои мурғони тӯфон ҳимоя мекунанд.
Волидон ба доду фарёд меоянд ва аз миёни ин ҳазорҳо бегонагон онҳо фарзанди худро меёбанд. Ҳар модар танҳо фарзанди худро ғизо медиҳад.
Пингвинҳои панҷмоҳа дигар ба ғамхории волидон ниёз надоранд. Баҳор меояд ва баъд тобистон, яхҳо об мешаванд: хатмкунандагони “боғчаи бачагона” “таҷрибаомӯзӣ” мераванд ба оби баҳр, то шино кунанд. Ва калонсолон низ ба ҳамон самт равон мешаванд. Охири моҳи декабр дар он маконе, ки пингвинҳо тухм гузоштаву чӯҷа бароварда ва чӯҷа ба камол расонида буданд, ҳоло холист. Дигар на садои ҳаёҳуй ва на овози доду фарёд... Ҳама дар баҳранд.
Дар поёни нақл бо супориши мураббӣ хонандагон аз коғазҳо бо истифода аз ширеш пингвин сохтанд ва ё расми онро болои коғази сафед наққошӣ карданд.
Фирӯза Аҳророва,
мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.