“Тоҷикон”-и Аллома Бобоҷон Ғафуров дар маҳфили “Ҳамешабаҳор”

 Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор”. Дар оғози дуюмин моҳи баҳор, баъд аз асри рӯзи 4-уми апрели соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин чорабинии муштараки маҳфил ва шуъбаи кўдакон ва наврасон буд, ки қисми аввали китоби « Тоҷикон» -и Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Маҳфил хеле хотирмону шавқовар гузашт. Бори аввал буд, ки ширкаткунандагони маҳфил дар атрофи китоби Аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” баҳс мекарданд. Ва хеле баҳси шавқовару шуниданиву диданӣ ҳам буд. 

Ғолибони ин пурсишу посухҳо ва ин баҳсу баррасиҳо бо туҳфаҳои хотирмони маҳфил сазовр шуданд.

Дар маҳфил ҳунармандони гуруҳи «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо таронаҳои дилчаспу сурудаҳои хубашон табъи тамошобинонро болида гардониданд.

 Фирўза Раҳимова,

мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.