Гадобек Маҳмудов: Пастии сатҳи дониши аксари кормандони китобхонаҳои музофотӣ нигаронкунанда аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зикр намуданд, ки «барои тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг се муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ҳамзамон дар баробари ин, дар хориҷи кишвар садҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳанг тарбия ёфта, иддае аз онҳо аллакай дар театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият карда истодаанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг мушоҳида мешавад». Китобдорӣ, ки яке аз самтҳои муҳими соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад, дар ин замина баҳри тайёр кардани кадрҳои соҳаи китобдорӣ як муассисаи олӣ ва ду муассисаи миёнаи касбӣ то андозае саҳм гузошта истодаанд. Вале ин ҳам талаботи соҳаро қонеъ карда наметавонад. Дар ҳамин робита мо бо муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов суҳбате доштем ва дар оғоз пурсидем, ки вазъи кадр дар соҳаи китобдорӣ чӣ гуна аст?
- Дар воқеъ, Истиқлолият дар самти китобдории кишвар марҳилаи наверо кушод ва барои рушду нумӯи он шароити беҳтарро фароҳам овард. Мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои ҳозиразамони китобхонаҳо дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар ва бо технологияи муосир таъмин будани онҳо, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Вале, дар ин росто китобхонаҳои муосир беш аз ҳарвақта ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёзи бештар доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат ва зуд тағйир меёбанд. Аз ин лиҳоз, сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрӯз таваҷҷуҳи асосӣ ба омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ равона карда шавад. Дуруст аст, ки имрӯз норасогии кадрҳои соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад.
- Ба андешаи Шумо ҳамчун як устод, ки ба донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дарс мегӯед, мушкилот дар чист? Сифати таълим ё чизи дигар?
- Тахассусҳое, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии китобдории ҷумҳурӣ омӯзонда мешаванд, вобаста ба талаботи ҷомеаи муосир мутобиқ ва ҳамоҳанг нестанд. Дар навбати худ, ҳалли ин масъала пеш аз ҳама дар ташаккули инфрасохтори таълимии соҳаи китобдорӣ, ки дар он ҷои асосиро шаклҳои нави таълим, бозомӯзӣ ва муттасилаи маълумоти китобдорӣ барои ин гурӯҳи кормандони ғайритахассус гиранд, зарурат ба миён омадааст. Бозомӯзии кормандони китобхонаҳо ҳамчун як ҷузъи системаи таҳсили идомаёбанда дар ҳолати кунунӣ ба таҳқиқот зарурат дорад.
Бубинед, имрӯз дар ҷумҳурӣ 1355 китобхонаи давлатию оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2851 нафар кормандон фаъолият доранд. Аз ин танҳо 213 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 353 нафар бо маълумоти олии умумӣ ва боқимонда бо маълумоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунанд, ки самаранокии фаъолияти равандҳои китобдориро коста мегардонад. Мушкили дигаре, ки имрӯз моро нигарон кардааст, ин паст будани сатҳи саводнокии аксари кормандони китобхонаҳои музофоть мебошад. Ин вазъ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ боз ҳам мураккабтар аст.
- Вазъи таъмини кадрӣ дар Китобхонаи миллӣ чӣ гуна аст?
- Бояд бигӯям, ки вазъи таъминоти кадрии Китобхонаи миллӣ аз бисёр паҳлуҳо вижагиҳои хоси худро дорад. Масалан, дар сохтори Китобхона баъзе шуъбаҳое ҳастанд, ки дар онҳо шарт нест мутахассисони дорои маълумоти соҳаи китобдорӣ ҳатман кор кунанд. Аз ҷумла, Шуъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодир. Дар ин шуъба бештар он маводҳое гирдоварда мешаванд, ки нусхаҳои қаламӣ ё аснод бо забонҳои арабӣ, форсӣ ва дигар забонҳоянд. Аз ин лиҳоз барои ин шуъба мутахассисоне зарурат доранд, ки хатшинос ва донандагони забони арабӣ ва дигар забонҳо бошанд. Бинобар ин мо дар ин шуъба мутахассисони факултаҳои забонҳои Шарқро ба кор қабул мекунем. Ё ин, ки Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ, дар ин шуъба пеш аз ҳама он нафароне ба кор қабул мешаванд, ки дорои маълумоти тахассусии соҳаи барномарезӣ бошанд. Барои ҳамин вазъи таъминоти кадрӣ дар Китобхонаи миллӣ агар аз рӯи фоизнокӣ гирем зиёда аз 35% кормандон дорои маълумоти олии тахассусии соҳаи китобдорӣ, 15% маълумоти миёнаи касбии китобдориянд, боқимонда маълумотҳои дигар соҳаҳое, ки вобаста ба шуъбаҳои мухталифи китобхона фаолият мекунанд.
Аз ин лиҳоз хуб мешавад, ки дар барномаҳои таълимии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон фанҳое ворид карда шаванд, ки ба масъалаи барномарезии соҳаи китобдорӣ, истифодаи технологияи муосир ва забономӯзӣ диққати махсус дода шавад.
- Тавре маълум аст Китобхонаи миллӣ яке марказҳои бузурги соҳаи китобдорӣ мебошад. Дар ин самт аз ҷониби масъулон ҷиҳати такмили дониши мутахассисон алахусус такмили дониши китобдориони ҷумҳурӣ чӣ тадбирҳо андешида мешавад?
- Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар кишвар ҳамчун маркази ҳамоҳангсозӣ ва маркази методии тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз Китобхонаи миллӣ барои китобхонаҳои мамлакат дастурамалҳои методию бибилографӣ омода ва таҳия мекунад, ки барои пешбурди кори соҳа аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон Маркази такмили ихтисоси китобхона аз рӯи якчанд барномаи таълими курсҳои такмили ихтисоси бозомӯзиро кушодааст, ки аллакай як қатор кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ, китобхонаҳои мактабҳои олӣ аз ин курсҳо гузаштанд ва соҳиби сертификат шуданд. Инчунин дар курсҳои мазкур шунавандаҳо аз барномаҳои махсуси автоматикунонидашудаи “Алеф” бархӯрдор мегарданд. Тибқи он барномаҳои таълимие, ки дар китобхонаи миллӣ омода карда шудааст пеш аз ҳама омӯзиши донишҳои компютерӣ, фаъолияти иттилоотӣ- китобдорӣ ва се барномаи дигар, ки аз ҳамин сол оғоз меёбад дар ҳаҷми 72 соатӣ омода шудааст ва мо талош меварзем кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз ин курсҳо баҳра бардоранд.
Дар ҷумҳурӣ 1355 китобхонаи давлатию оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2851 нафар кормандон фаъолият доранд. Аз ин танҳо 213 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 353 нафар бо маълумоти олии умумӣ ва боқимонда бо маълумоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунанд, ки самаранокии фаъолияти равандҳои китобдориро коста мегардонад.
- Президенти кишвар аз норасоии кадрҳои соҳаи фарҳанг изҳори нигаронӣ карда, Вазорати фарҳангро вазифадор намуданд, ки дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022” мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намояд. Дар ҳамин робита Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати бозомӯзии кадрҳои соҳаи китобдорӣ дар соли 2018 чӣ тадбиреро рӯйи кор гирифтанист.
- Воқен ҳам супоришҳои Пешвои миллат моро вазифадор мекунад, ки дар самти бартараф сохтани мушкилоти кадрии соҳа як қатор корҳоеро ба сомон расонем. Пеш аз ҳама Китобхонаи миллӣ иқдомеро пеша кардааст, инҳам бошад дар назди Маркази такмили ихтисоси китобхона, як курси дусолаи ғойибонаи олӣ барои он кормандони китобхонаҳое, ки маълумоти ғайритахассусӣ доранд, омода намоем. Ин таҷриба дар назди китобхонаҳои миллии собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекунанд. Бо ҳамин роҳ мо метавонем камбудию норасоии мутахассисони соҳаро то андозае бартараф намоем.
Дар маҷмӯъ масъалаи омода намудани мутахассисони лаёқатманди соҳаи китобдорӣ дар шароити кунуни воқен, омили муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро баланд бардоштани касбияти китобдорон дар шароити босуръат зиёд шудани иттилоот, тайёр намудани мутахассисони касбии ҷавобгӯ ба замони имрӯза хеле муҳим аст ва проблемае, ки имрӯз мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, саривақтӣ ва мубрам мебошад.
Суҳбати Абдураҳими Абдуқаҳҳор ,
корманди Шуъбаи матбуоти даврӣ