Пешвои миллат бо халқ ва аз халқ аст
Баъд аз ба даст овардани Истқлолияти давлатӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, моҳҳои май - октябри соли 1992 Тоҷикистонро буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта буд. Воқеан, замоне, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар вартаи парокандагӣ қарор дошт, миллат ба роҳбари воқеӣ, боирода, ботадбиру ташаббускор ниёз дошт, ки аз мушкилиҳо наҳаросида, миллатро сарҷамъ намояд, Тоҷикистонро ба кишвари амну босубот, пешрафта ва намунаи давлатдории миллӣ табдил диҳад.
Дар чунин вазъи мураккабу шадиди сиёсӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар толори Қасри Арбоб дар наздикии шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод. Дар иҷлосия вакилони халқ барои интихоби роҳбарияти нави Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии шахси ҷасуру ватанпараст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъйи мусбат дода, сарнавишти ояндаи мамлакатро ба мақсади таъмини сулҳу субот, ободии кишвар ва беҳбудии вазъи зиндагии мардум муайян намуданд. Дар натиҷа, дар ин Иҷлосияи таърихӣ роҳбари хирадманду боирода ва дурандеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид шуд.
Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва оғози музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд.
Дар ин марҳилаи ҳассос ва тақдирсоз масъулияти обод кардану ба маҳали зисти доимӣ баргардонидани беш аз 1 млн. фирорию муҳоҷири иҷборӣ, дар шароити идомаи даргириҳои мусаллаҳона ва вазъияти ниҳоят ногувори иқтисодию иҷтимоӣ ба души Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон афтода буд. Раванди сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он оварда расонид, ки Тоҷикистони аз вартаи ҷанг раҳошуда сол ба сол ба як кишвари зебову пешрафта ва эътирофшуда дар сатҳи ҷаҳон табдил ёфт.
Дар лаҳзаҳои ғамангез Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат, ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд. Мардуми тоҷик дар интихоби ў қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандӯст, ҷасур ва хирадпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои поёни тирамоҳи соли 1992 баъди ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷоти Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал барои мардуми мамлакат аён гардид, ки дастгоҳи идораи киштии зиндагии миллат дар дасти қавии инсони боэътимод супорида шудааст ва Ватан, миллат ва тамоми мардуми кишвар яқинан ба вартаи нобудӣ, ки бадхоҳони миллат барояшон омода карда буданд, фурӯ нахоҳанд рафт. Хидмати бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва муракабби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Пешвои милллат наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст.
Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни халқ баромад ва бо хиради азалии тоҷикона дарк намуданд, ки халқ аз ӯ чиро интизор аст. Ҳамин буд, ки Пешвои миллат ҳамеша бо халқ ва дар миёни халқ буданду ҳастанд. Ё ба таври дигар гӯем, Президенти мо хислати мардумӣ пайдо карданд, ки он бо сифатҳои халқи тоҷик, аз қабили заҳматдўстӣ, иродаи қавӣ, хушзеҳнӣ, сабурӣ, дили кушод, хайрхоҳӣ, оштинопазирӣ бо душманони миллат, сарбаландӣ, устуворӣ дар рўбарўи мушкилот, тахайюлу тафаккури бадеӣ, шавқи шеърдўстӣ, идораи эҳсосот, ҳамбастагии нияти неку саъю кўшиш тавъам аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафтору кирдори намунавӣ, суханони таъсирбахш ва таҳқиқоти амиқ дар бахши таърихи бостонии халқи тоҷик ба шаҳрвандони кишвар намунаи қобили таваҷҷуҳи ватанпарастӣ, посдории хотираи гузаштагон, ифшои асолати фурўзони гузаштаи дурро нишон медиҳад, то бо нуру таровати таърихи пурифтихори халқ роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар созад.
Дар фарҷом ҳаминро бояд таъкид намуд, ки таҷрибаи давлатдории Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бозгардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ як таҷрибаи нодир дар сатҳи ҷаҳонӣ аст ва ин таҷриба дар асри XXI қобили омӯзиш барои кишварҳои дигаре, ки дар ҳолати мураккаби вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд, мебошад. Таърихи бисту нуҳсолаи Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз Пешвои миллат тавонист ҷомеаро дар иҷрои вазифаҳои бузург раҳнамоӣ кунад ва мардум ҳам бо камоли ирода сарвари худро пайравӣ кунанд. Дар ин марҳила Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари озод, дорои истиқлоли комил ва кишвари рў ба рушду камол эътироф гардид. Баргирифта аз ҳамин далоил дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат вазифаи ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад, ки дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба номзади арзанда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳад. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ дар интихоб ба хатто роҳ намедиҳад. Бовар ба он дорем, ки ин навбат ҳам миллати тоҷик нафари тақдирсози хешро дуруст мешиносад, ки он албатта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Бунафша Абдуллозода
мутахасисси шуъбаи
матбуоти даврӣ