Дар Рӯзи ҷаҳонии “Ҳадяи китоб” барои хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бештар аз 60 китоби нав тақдим шуд. Инҳо китобҳое буданд, ки ахиран муаллифон-адибони кӯдакнависи кишвар ба Китобхна тақдим карда буданд.
Сеюмин сол аст, ки Китобхонаи миллӣ низ “Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб”-ро таҷлил мекунад. Чун анъана дар ин рӯз асосан хонадагони хурдсоли китобхона соҳиби тӯҳфа мешаванд. Ҳамасола теъдоди китобҳои тӯҳфашаванда меафзоянд.
Сӯҳбати имсола бо хонандагон нишон дод, ки назар ба як соли қабл Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китобро бисёриҳо медонанд ва дар бораи он маълумоти рушантаре ҳам доранд. Ин нишон медиҳад, ки аз сол ба соли дигар сафи касоне, ки ба мутолиаи китоб рӯ меоранд, рӯ ба афзоиш аст.
Китоб ин манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, дар олам сайри маънӣ кунад.
Замоне буд, ки рўзи 14-феврал чун рўзи ошиқон таҷлил мешуд, вале баъди он ки одамон ба дарки аслии ин рӯз расиданд, дар Тоҷикистон низ ба Рӯзи ҳадяи китоб табдил гардид. Мегӯянд ҳатто писарбачаи хўрдакаки америкоӣ аз модараш Эмми Бродмур суол кардааст, ки чаро тамоми рўзҳои ҷашн рўзи хос аст, рўзи тақдими китоб ягон рўзи хос надорад?
Пас бигзор ин рӯз ҳамасола бошукуҳтар аз соли дигар таҷлил шавад ва рӯзе бошад, ки инсонҳоро моилу ошиқ ба китоб-ганҷинаи пургуҳари тамаддун гардонад.
Ш.Дониярова,
сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.