Равандҳои нави тасвири библиографӣ

  Феҳиристу картотека дар китобхона ду вазифаи муҳимро иҷро мекунад: якум, ин дар шакли лахта инъикос намудани захираи китобхона, ки дар массиви пайвастаи тағйирёбии нашрҳо пешниҳод мешавад; дуюмӣ ин кушодани бисёрҷанбаю  то ҳадди имкон пурраи мазмуни нашрҳои мушаххас. Яъне феҳрист осори мавҷударо яклухт инъикос менамояд, картотека бошад бо шакли аналитикӣ осори матбуотро инъикос менамояд. Картотека ин маҷмўи теъдоди мушаххаси баргаҳо дорандагони иттилоотро мефаҳманд, ки бо низоми муайян, муттаҳиду табақабандӣ ва ҷобаҷогузорӣ шудаанд. Феҳрист ва картотекаҳо дархости хонандагон, ташкилоту муассисаҳоро мустақиман ва тавассути технологияи муосири иттилоотӣ пурра ва қисман қонеъ мегардонад.

  Феҳристи китобхона ин маҷмўи номгўи осори чопӣ ва асноде, ки дар захираи китобхона ва ё гурўҳи китобхонаҳо мавҷуданд, аз рўи усули муайян ба танзим дароварда, таркиб, мазмуни захираи китобхонаҳоро мекушояд. Қобили қайд аст, ки хизматрасонии библиографӣ бо шаклҳои анъанавӣ дар фаъолияти китобхона барои чандин солҳо боқӣ мемонад.

Имрўзҳо дар самтҳои фаъолияти соҳаи библиографӣ навгониҳои зиёде ба назар мерасад, аз қабили ҷорӣ гардидани «Тасвири библиографии асарҳои чопӣ дар нишондиҳандаҳо тибқи стандарти 7.1.2003» аҳамияти риояи қоидаҳои навишт, ҷой ва мавриди корбурди ҳар як аломати шартии барои тасвири библиографӣ зарурро, ба монанди «.–» (нуқта ва тире), «,» (вергул), «:» (ду нуқта), «;» (нуқта бо вергул),  «/» (аломати хати моил ё каҷ), «[ ]» (аломати қавсайни росткунҷа) ва ғайра   бояд  инобат  гирифта  шавад.

Аз ин лиҳоз баҳри осон намудани кори кормандони китобхонаҳо маводи мазкурро ба таври слайд омода намудем. Маводи мазкур бо таври фаҳмо ва содда  нозукиҳои тасвири библиографиро ба мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва гурўҳи васеъ хонандагон, олимон ва ғайра мусоидат менамояд.

Бо Тасвири библиографӣ аз ин ҷо шинос шавед.

Валиев Ҷамил,

 корманди шуъбаи нигаҳдории китоб

Барчаспҳо: