Шуъбаи нигаҳдории китоб ва махзани он

Маҳзани шуъбаи нигаҳдории китоб дорои  2279502  нусха китоб  иборат буда аз он 174546 нусха ба забони тоҷикӣ, 2056810 ба забони русӣ, 48146 ба забонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Шумораи китоб аз ҳисоби нус­хаҳои ҳатмӣ ва тўҳфаҳо ҳамарўза меафзояд. Ҳайтаи кормандон шуъбаро 36 нафар кормандони пуртаҷрибаи  баландихтисос   ташкил медиҳанд.

Замонҳои қадим одамон бахши навиштани номаҳо, ҳуҷҷатҳои расмӣ, таълифи китобҷаҳо воситаҳои созу мувофиқ ҷустуҷў кар­даанд. Вале он замонҳои ихтироъкорию пурҷустуҷў дарёфти масолеҳи хатнависӣ чандон осон набуд. Одамон бисёр воситаҳоро санҷиданд. Якеи ин воситаҳо ҳаҷман вазнин ва дигаре душвор­на­вису гаронбаҳо буд. Дар гузашта ҳамаи онҳо ҳамчун масолеҳи хатнависӣ давра ба давра истифода шуданд: тахта, санг, чўбдаст, тахтачўбҳои суфташуда, тахтачаҳои сафолин, сурбӣ, мисӣ, фили­зӣ, пустлохи дарахти тус, барги дарахтони зайтун, хурмо, раста­нии патрус, пусти ҳайвонот ва коғаз. Мероси хаттӣ яке аз саҳифаҳои дурахшону пурифтихори тамаддуни ҷаҳонӣ баҳисоб меравад ва ҳар қавму миллат саъйдорад то аз мавориси  илмии  ниёгони  худ  посдорӣ  намояд.

Таърихи  китобдорӣ ва бунёди китобхонаҳо дар байни аҷдодони халқи тоҷик ҳанўз баробари пайдо шудани хат бо забонҳои бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ, портӣ, оромӣ ва ғайра шурўъ шуда буд. Ин пешаи волои китобдорӣ дар китобхонаҳои шахсиву дарборӣ ғун кардану нигоҳ доштани китобу дастхатҳо, инчунин катибаҳо бо хати мехӣ ҳанўз дар асри VI пеш аз мелод дар аҳди Ҳахоманишиниҳо  густариш ёфта буд.  Гувоҳи ин гуфтаҳо шукўҳу  шаҳомати китобхонаи дарбори Ҳаҳомони­шиниҳо дар шаҳри Персполис мебошад, ки дар он китобу навиштаҷоти нодир бо забонҳои бохтарӣ, хоразмӣ, суғдӣ ва ғайра ҷамоварӣ ва аз тарафи ҳаводорони илму дониш мутолиа мешуданд. Китобу китобхонаҳо, хусусан дар замони салтанати Сосонӣ  рушду нумўъ ёфтанд. Он замон дар дарбори Сосониён академияи улум, Фарҳангситони бузурги  «Гунди Шопур» фаъолият дошт, ки дар тамоми ҷаҳон беназир буд.

Академияи «Гунди Шопур», ки дар даромадгоҳаш чунин  навишта шуда буд: «Донишу хирад тавонотар аз шамшер аст».  Ин китобхона дорои 250 ҳуҷраи пур аз китобҳои ба забонҳои паҳлавӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, суғдӣ инчунин ба забонҳои юнонӣ ва санскрит навишта ва тарҷума шуда буд. Дар китобхонаи мазкур китобҳои хеле қадима ва замонавии соҳаҳои мухталифи илму дониш маҳфуз буданд. Дар китобхонаи мазкур китобҳое хеле қадим ва замонавии соҳаҳои мухталифи илму дониш маҳфуз буданд.

       Дар китобхонаҳои Сосонӣ асарҳои «Бундаҳшин», «Худойнома» чун қадимтарин китобҳо роҷеъ ба урфу одат, анъана, ривояту достонҳои эрониасл, достонҳои қаҳрамонию қиссаҳои динӣ ва таърихӣ маълумот медоданд. Матни пурраи «Худойнома» аз тарафи арабҳо нобуд карда шуда, қисми достонҳои қаҳрамонию лирикиаш аксарият ба арабӣ тарҷума шуда, тавассути он тарҷумаҳо мухтасаран то ба мо омада расидаанд.

Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон кори сиёсатгузории китобхонаҳои кишварро дар сатҳи миллӣ зери назорат ва ҳимоят гирифт, барои ин манзур иқдомот ҷиҳати баровардани ниёзҳои рўз­афзуни хонандагон, беҳбуди хадамоти библиографӣ, баррасии равишҳои ҷадиди китобдорӣ, тадвин ва такмили феҳристнависӣ, боло бурдани стандартҳои китобхонавӣ, шеваҳои нави гирдоварӣ ва ҳифзи манобеъ, беҳбуди мубодилоти мадорик бо китобхонаҳо ва созмонҳои хориҷи кишвар ва ғайра анҷом медиҳад.

Китобхонаи миллии Тоҷи­кистон соли 1933  дар заминаи китобхонаи шаҳрии пойтахт таъсис  ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993 бошад, Китобхона мақоми миллиро дарёфт кард. Бо гузашти зиёда аз 80 сол бинои собиқ ба талабот ҷавобгӯ нашуд. Афзудани теъдоди китобҳо ва фарсуда шудани рафҳои китобмонӣ дар таҳхонаи бино, ки маъмулан бойгонӣ дар он нигаҳдорӣ мешуд, заҳ кашидан ва бар асари он хароб шудани сохтори китобҳо, ҳамчунин замонавӣ набудани толорҳои хониш он заруратеро пеш овард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди бунёди як бинои мутобиқ ба шароити замон тасмим бигирад. Ин буд, ки 4-уми сентябри соли 2007 боиштироки Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави китобхона гузошта шуд ва он 20-уми марти соли 2012 ифтитоҳ шуд. 

  Яке аз шуъбаҳои  асоси, ки дар он  маҳзани ганҷинаи илму маърифат ҷой гирифтааст. Шуъбаи нигаҳдори китоб ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти худро аз рузҳои аввали фаъолияти  китобхона  (1933) оғоз намудааст.   Маҳзани шуъбаи мазкур дорои  2279502  нусха китоб  иборат буда аз он 174546 нусха ба забони тоҷикӣ, 2056810 ба забони русӣ, 48146 ба забонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Шумораи китоб аз ҳисоби нус­хаҳои ҳатмӣ ва тўҳфаҳо ҳамарўза меафзояд. Ҳайтаи кормандон шуъбаро 36 нафар кормандони пуртаҷрибаи  баландихтисос   ташкил медиҳанд.

Вазифаҳои асосии  шуъбаи нигаҳдори китоб ба тариқи зер муайян шудаанд:

- қонеъ гардидани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;
- ташкил, ҳифз, таъмини нигаҳдории воқеии маҷмўаи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва пешниҳоди онҳо ба истифодабарандагон;
- фароҳамоварии маҷмўаҳои универсалии фондҳои ҳуҷҷатӣ;
-фароҳамоварии фонди китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон табъу нашр мегарданд ва нашрияҳое, ки новобаста ба ҷои чопашон доир ба Тоҷикистон;
- муоина намудани ҳолати ҳуҷҷатҳои куҳнашуда, фарсудашуда, осебдида, иллатдошта  ва  барои муқовобандӣ  ва барқарорнамоӣ пешниҳод намудани онҳо ва ғайра.

Ин маҳзани қасри китоб аз қаъри баҳру уқёнусҳо ба дастиғаввосҳои моҳир дурдонаҳо ҳадя мерезад. Он вуҷуди инсонҳоро покгардонида, ҳавас ва иштиёқашонро ба олами маънавӣ афзун менамояд. Яъне китобхона ҷойеҳаст, ки мо ба он аз баҳри зиёрати китобҳои нодир рафта, шўълавар мешавем, пас бо шуоъҳои маънӣ олами хуфтаро бедору дурахшон гардонида  метавонем.

Шуъбаи нигаҳдори китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон муқаддастарин сарманзили маърифатест, ки мо дар он воридгардида, нури илоҳи афрўхта, бо асосҳои илм ошно мешавем, чароғи маърифатро равшан, тангноҳои торики ҷаҳолатро пурнур мегар­донем. Маҳз кормандони шуъбаи мазкур  бо ҳамкори дигар шуъбаҳо  аввалин шуда мисли занбўри асал ангубин – мавод ҷамъ оварда,  пешкаши гурўҳи васеъи хонандагон хизматрасонӣ менамоянд. Коргарони  ин шуъба  ҳамчун  шўълапошоне  ҳастанд, ки шахсони ба ин  даргоҳи маърифат воридшударо  пурнур мегардонанд.

Ҷамил Валиев,
шуъбаи нигахдори китоб

Барчаспҳо: