Бист сол пеш имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба мардумони кишвари азияткашидаву маъъюсгардидаи тоҷик руҳу равони тоза ворид кард. Ваҳдат. Дар асл калимаи оддиест, иборат аз 5 ҳарф, аммо маъниҳои амиқ ва беҳтарин дар замири он нуҳуфтаанд, ки ба андешаи ман инҳоянд:
В - ватану миллат.
А - адолат.
Ҳ – ҳамдигарфаҳмӣ, ҳидояту садоқатмандӣ.
Д - давлат
А – андешаи миллӣ.
Т- тавонои.
Вақте ин ҳама хислатҳо дар ниҳоди ҳар як фард маскун мешаванд, ҷомеа дигаргун хоҳад шуд, рў ба беҳбудӣ хоҳад овард. Чун илмро дар амал татбиқ мекунем, садоқат ба ватану миллат дар замири мо шуъла меафканад. Ин аст тавоноии ҳар як фарди меҳнатпараст! Адолату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳидояту садоқатмандӣ ба корафтодагону ниёзмандон боиси қавӣ гаштани иттиҳод ва фароҳам омаданӣ ваҳдат мегардад, меҳрҳоро афзун менамояд. Ва маҳз ба шарофати ҳамин сулҳу суббот ва ваҳдатӣ миллӣ, ки барои мардум осоиш ва оромӣ овард, садои хандаи тифлакон танинандоз гашт. Пас нигаред, чӣ гуна қудрат ва қувваи заволнопазир дорад Ваҳдат!
Барои ҳар як миллат,
Баҳри амонии давлат,
Доди худовандӣ аст,
Ҷашни Ваҳдат.
Бале, шукрона аз он мекунам, ки Ватан дорам, Ватани озоду соҳибистиқлол, фазояш орому пур аз накҳат, самояш ситоразору нилгун, маромаш сулҳу ободӣ ва озодӣ. Ҳар лаҳзаву ҳар соат меболам, ҳаёлам парвоз мекунам, болҳоямро чун кабутари сулҳ меафшонам, ба аҳли дунё аз сулҳу оромӣ паём мерасонам, хушам меояд аз дидани ин сарвати бебаҳо, туҳфаи Язони пок. Ватани ман табиате дорад нотакрор, ки оламиёнро мафтун кардааст. Чун накҳати гулҳояш машомамро атрогин месозад, чун рангорангии табиаташро менигарам, чун садои обҳои мусаффояш хаёламро шодоб месозад ва чун ҳар дам ҳавояшро нафас мекашам, хеле масрур мегардам, мурғи илҳомам ба нағма меояд. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки таъмини сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама хизмати худи халқи тоҷик аст. Зеро танҳо роҳи сулҳҷўёнаву сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро мардум дастгирӣ намуда, эътимоди ҳамагонро ба дурустии роҳи пешгирифта қавӣ сохт ва умеди халқро ба оқибати неку фарҷоми осоиштаи корҳоямон зиёдтар кард. Маҳз мардуми табиатан сулҳдўсту сулҳпарвари тоҷик буд, ки дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ карда, зиндагии осоишта ва меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат болтар донист.
Дар хақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрўзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кор ва фаъолият намоем. Имрўз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, ва нерўи такконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад. Аз ин лиҳоз, орзу мекунам, ки 20 соли Ваҳдати миллӣ чун 20 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурўзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумўъ оварад. Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад! Бигзор, Ваҳдати миллии давлати тоҷикон, ки атои худованди ва пайки ҷовидонист, то адаб устувору поянда бошад!
Валиев Ҷамил,
Шуъбаи нигаҳдори китоб