105-солагии Мирзо Турсунзодаро дар Урал ҷашн мегиранд


22 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ барномаи ҷашнӣ бо номи “Як фарҳанг. Як гузашта. Як оянда: 105-солагии шоири Шӯравӣ Мирзо Турсунзода” баргузор мешавад, ки ба ёду хотири шоири баруманди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бахшида мешавад.
Ташкилкунандагони ин мизи гирд Хазинаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии “Иттиҳоди Авруосиё”, Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ ва Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Душанбе мебошанд.
Дар доираи ин нишаст ҳамчунин қарор аст конфронси нақши забони русӣ дар ҳамгироии башардӯстонаи халқҳо ва фарҳангҳо доир шавад.
Аммо асос ва сабаби ҳамоишро ташкилкунандагон 105-солагии Мирзо Турсунзода-шоири тавонои тоҷик медонанд.
Дар ин конфронс ҳамчунин қарор аст филми “Ман ба духтаре вохӯрдам”, истеҳсоли “Тоҷикфилф” намоиш дода шавад.