Шуъбаи матбуоти даврӣ: бештар аз 1 миллион рӯзномаю маҷаллаҳои қадиму имрӯз

Бойгонии Шуъбаи матбуоти даврӣ дорои 1 миллиону 216 ҳазору 188 адад маҷаллаю рузномаҳои илмӣ-оммавӣ буда, ҳамарӯза ба даҳҳо нафар хизмат мерасонад. Хонандагон ҳамчунин имкон доранд бо 110 шумораи нусхаҳои электронии нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф”, ки бо ҳуруфи форсӣ бори аввал 11-уми марти соли 1912 нашр шудааст ва замимаи он “Тӯрон” ошно шаванд ва мутолиа намоянд. Гузинаи электрониинашрияҳои қадимиву имрӯз: “Роҳбари дониш”, “Шарқи сурх”, “Мактаби советӣ”, “Ба ёрии коркуни партиявӣ”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Масъалаҳои маориф”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, “Қонун ва ҷомиа”, “Нақлиёт”, “Вечерний Душанбе” низ дар хидмати хонандагон қарор дорад.

Рўзномаю маҷаллаҳо инъикосгари ҳаёти ҷамъияти муосир буда, дар инкишофи худшиносию худогоҳии мардум нақши бориз доранд. Маҷаллаю рӯзномаҳо, адабиётҳои илмӣ–оммавӣ ва бадеӣ дар ҷамъияти имрӯза воситаи асосии маҳфуз нигоҳ доштан ва интиқол додани дастовардҳои илмию фарҳангӣ ба шумор мераванд.

Рӯзномаю маҷаллаҳо барои ашхоси синну соли мухталиф ҳамчун маъхази дониш хизмат намуда, барои фаҳмиши қавонини ҳаёт, иртиботи ҷамъиятӣ, дарки падидаҳои табиӣ ва ғайра мусоидат менамоянд. Хусусан нақши матбуоти даврӣ дар амалӣ намудани мақсадҳои олӣ, ташаккул ва азхудкунии қоидаҳои рафтор дар ҷамъият басо калон  аст. Аз ин рӯ, бо мақсади ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ба истифодаи омма қарор додани рӯзномаю маҷаллаҳо соли 1935 дар Шуъбаи нигоҳдории китоб, бахши матбуоти даврӣ таъсис дода шуд. Ва ин бахш соли 1977 ба шуъбаи алоҳида табдил ёфт, чун номгӯи нашрияҳо дар кишвар ва хориҷ аз он ба маротиб афзуд ва таваҷҷӯҳи хонандагон низ зиёд шуд.

Имрўз Шуъбаи матбуоти даврӣ расман дорои ду намуд бойгонӣ – кушод ва пўшида мебошад. Аз бойгонии кушод хонандагон метавонанд мустақилона истифода баранд. Аз бойгонии пўшида бошад дархости хонандаро кормандони шуъба иҷро менамоянд. Дар ин ҷо метавон махзани дигарро илова кард, ки бо пешрафти замон ва илму техника иртиботи ногусастанӣ дорад ва он хазинаи  электронӣ мебошад. Дар ин махзан 110 шумораи нусхаҳои электронии нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф”, ки бо ҳуруфи форсӣ бори аввал 11-уми марти соли 1912 нашр шудааст ва замимаи он “Тӯрон”, маҳфуз мебошанд. Дар баробари ин нусхаҳои электронии маҷаллаю рӯзномаҳо аз қабили “Роҳбари дониш”, “Шарқи сурх”, “Мактаби советӣ”, “Ба ёрии коркуни партиявӣ”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Масъалаҳои маориф”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, “Қонун ва ҷомиа”, “Нақлиёт”, “Вечерний Душанбе” ва ғайра низ ҷамъоварӣ гардида истодаанд.    

Дар давоми 83 соли фаъолият теъдоди сершумори маҷаллаю рӯзномаҳои дохилию хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ ба бойгонии шуъба ворид шудаанд, ки шумораашон мушаххас набуд. Бо мақсади муайян намудани шумораи дақиқи рузномаҳо моҳи апрели соли 2017 аз ҳисоби кормандони соҳибтаҷриба гурӯҳи корӣ иборат аз панҷ нафар: Шикорбекова Ш., Саидова Б., Олимова Г., Ахмедова Н. ва Ҳомидова Ҷ. ташкил карда шуд. Бо ташаббуси кормандони мазкур дар давоми 7 моҳ (апрел-октябри соли 2017) дақиқ шуд, ки дар бойгонии шуъба 692 816 рӯзнома мавҷуд будааст.

Муайян намудани шумораи  маҷаллаҳо ба зиммаи гурӯҳи дуюм: Асророва Н., Муҳаммадиева Ё., Раҳмонова М., Абдуллоева М., Одинаева Ч., Каримова С. вогузор гардид, ки фаъолияти худро аз моҳи октябри соли 2017 шуруъ намуда, моҳи майи соли 2018 ба анҷом расониданд. Дар натиҷаи фаъолияти гурӯҳи дуюм мушаххас гардид, ки бойгонии шуъба дорои 523 372 маҷалла будааст. Аз ин шумора 459 207 адад бо забони русӣ ва 64 165 адад бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр шудаанд. Қадимтарин маҷаллаи шуъба “Хоҷагии халқи Туркистон” (Туркестанское сельское хозяйство) буда, шумораи аввалини он соли 1906 нашр шудааст.

Дар маҷмуъ бойгонии Шуъбаи матбуоти даврӣ дорои 1 миллиону 216 ҳазору 188 адад маҷаллаю рузномаҳои илмӣ-оммавӣ буда, дар баробари ҳамарӯза ба хонандагон хизмат намудан, инчунин махзани бою сермаҳсули олимон, пажӯҳишгарон, муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф, унвонҷӯёну донишҷӯён ба ҳисоб рафта дар пешрафти илму тараққиёти ватани азизамон нақши муассир дорад. Ва ин теъдод пайваста дар ҳоли афзоиш аст.

Қобили зикр аст, ки ҳар ҳафта рўзномаҳои дар пойтахти ҷумҳурӣ нашршуда ба шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи милли Тоҷикистон ворид гардида, аз онҳо муҳаққиқон ва хонадагон самаранок истифода мебаранд. Бо истифода аз фурсати муносиб аз муҳаққиқон ва оммаи васеи хонадагон даъват менамоем, ки ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, аз бойгонии азими Шуъбаи матбуоти даврӣ истифода намоянд. 

Қадриддин Яздонӣ,
мутахассиси шуъбаи
матбуоти даврӣ

Барчаспҳо: