Ҷойгоҳи китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ дар таъмин иттилоотии олимон ва мутахассисон

 Ҷамъоварӣ ва ғанӣ гардонии хазинаи миллии адабиёти илмии чопӣ ва намудҳои дигари иттилоот яке аз барномаҳои асосии Китобхона аст. Китобхона дорои дастгоҳи идорӣ буда, сохтори он аз 11 шӯъба иборат аст. Фонди умумии Китобхона зиёда аз 1174700 нусха ҳуҷҷатҳои чопиву электронии доир ба  соҳаҳои мухталифи илм ташкил медиҳад. Китобхона хазинаи давлатии адабиёти илмӣ ва техникаи ватанӣ  ва хориҷӣ мебошад.

Китобхонаи машҳури марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тўли чандин солҳо аст, ки ин хазинаи илму адаб ба мардуми тоҷик дониш медиҳад. Донише, ки он олимони тоҷикро машҳури замон гардонид. Ин китобхона ба қадри имкон тавонистааст, ки маҳсули чопии ҷумҳуриро ҷамъоварӣ намояд. Китобхона дар ташаккули нерўи илмию эҷодӣ ва истеҳсолии ҷумҳурӣ саҳми  арзандае дорад. Таҳқиқоти зиёде дар толорҳои он гузаронида шудаанд. Барои бисёр мутахассисон ва коршиносони муассисаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун мактаби камолот ба ҳисоб меравад.            Китобхонаи мазкур аз соли 1933 то инҷониб рисо­лати бузурги ҷамъиятӣ ва маърифатию иттилоотиро ба таври шоиста анҷом бахшид, ҳамчун маркази беназири илму фарҳанг мартаба ёфт. Мақсади фаъолияти Китобхона расонидани хадомоти ройгон ва ҳамаҷонибаи китобдорӣ, иттилоотӣ ва библиографӣ ба шаҳрвандон, Мақомоти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсат, муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳама гуна корхонаву ташкилотҳои илмӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷамъоварӣ ва ғанӣ гардонии хазинаи миллии адабиёти илмии чопӣ ва намудҳои дигари иттилоот яке аз барномаҳои асосии Китобхона аст. Китобхона дорои дастгоҳи идорӣ буда, сохтори он аз 11 шӯъба иборат аст. Фонди умумии Китобхона зиёда аз 1174700 нусха ҳуҷҷатҳои чопиву электронии доир ба  соҳаҳои мухталифи илм ташкил медиҳад. Китобхона хазинаи давлатии адабиёти илмӣ ва техникаи ватанӣ  ва хориҷӣ мебошад ва барои иҷрои ин вазифа фаъолиятҳои зеринро ба уҳда дорад:

- харидории адабиёти илмӣ – техникие, ки дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ба табъ расидаанд;

- ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маҷмӯаи санадҳои ватанӣ ва хориҷии аҳамияти илмӣ дошта тавассути ҳамаи навъи воситаҳои чопӣ: анъанавӣ (нашрҳои чопӣ), электронӣ (дар компютер, компакт дискҳо), савтӣ (китобҳои гўё, овоздор), маҷозӣ (дастёбӣ ба манобеи Интернет);

- хизматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, иттилоотию библиографӣ ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсолии  ватанӣ;

- коркарди илмӣ ва дастрасӣ ба фондҳои Китобхона тавассути низоми феҳристҳои анъанавӣ ва электронии муосир, фароҳам овардани китобхонаҳои электронӣ, манбаъҳои иттилоотӣ ва хазинаҳои маълумот, ташкили дастрасии озод ба онҳо ва дигар захираҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ, ширкат дар табодули иттилоотӣ;

- ташкил ва идораи беҳдошти депозитарии адабиёти илмию техникии ватанӣ ва хориҷӣ;

- ташкил ва пешбурди корҳои илмӣ – таҳқиқотию амалӣ дар соҳаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографӣ ва таърихи китоб;

- ташкилу татбиқи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи китобдорӣ;

- густариши робитаҳои мустақим бо китобхонаҳои кишвар ва мамлакатҳои хориҷӣ;

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ;

- ширкат дар ҳамкориҳои байналмилилии соҳаи китобдорӣ;

- татбиқи дигар намуди фаъолиятҳое, ки ба мақсад ва вазифаҳои Низомномаи Китобхона мутобиқат мекунад.  

   Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ганҷинаи ҳикматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид шавад, ба орзуҳои ширину дерини худ муваффақ мегардад. Кас меҳоҳад, ки аз ин боргоҳи маърифату илм бо таҳаммул, бо ҳаловат истифода намояд. Ҳар гоҳе, ки шахс ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, гўё ба дунёи зебою рангини илмӣ ва сеҳрангези он ворид мешавад, ба он ҷойе, ки зиндагии мо аз он рушд бештар менамояд, ҳамеша азми ҷустуҷў  ва мутоила меравем.

Имрўз Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи ифтихор, балки санади рахшони такомули пояҳои маънавии истиқлолияти миллии мо маҳсуб меёбад. Ҳамаи дастовардҳои ин ганҷинаи илму фарҳанг дар баҳои ҷонфарсоиҳои даҳҳо ва садҳо нафар кормандонаш ба вуҷуд омада, аз файзи садоқат ба касб, меҳнатдўстию меҳанпарастӣ манша гирифтааст.

Валиев Ҷамил – шуъбаи нигаҳдории китоб

 
Барчаспҳо: