Тамаддуни ҷаҳонии Наврўз
Яке аз суннатҳои неки Наврўз дар гузашта чунин будааст, ки бомдод рўзи аввали моҳи фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошиданд ва шакар ҳадя мекарданд. Суннати об пошидан бо нияти бахти сафед ва покизагиву оромии рўҳу ҷисм ва ҳадяи шакар маънои ширин кардани даҳонро дорад, ки аз ин Наврўз то Наврўзи дигар қалбҳо аз кинаву кудурат пок ва комҳо ҳамеша ширин бошанд. Баъди адои ин суннатҳо ба таҳияи хони наврўзӣ, яъне ҳафт шин ва ҳафт син мепардохтанд ва дар наврўзгоҳҳо ҳамчун рамзи хуршеди оламафрўз гулханҳои бузург меафрухтанд.
Бо фарорасии баҳори нозанин чанд рўзи охир кишвари зебоманзари моро як руҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи ҷашни бузурги аҷдодӣ – Наврўзи оламафрўз фаро гирифтааст ва аз ҳар гўшаю канор, ҳар хонадони соҳибиқболи он садои ин ҷашни зиндагисоз ҳамҷуриву ҳамнавоӣ доранд, ба гўш мерасад. Воқеан, Наврўз ба ҳама шодиву хурсандиҳо шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармуданд, ки «Ҳар кас талаби Наврўз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад». Наврўз барои мардуми мо шукўҳу шаҳомати хоса дорад. Зикр бояд кард, ки миллати тоҷик дар радифи дигар халқҳои ҷаҳон дар тўли таърихи дароз ба хазинаи тамаддуни башарӣ ганҷи бебаҳо ворид карда, барои арҷ гузоштан ва ҳифзи ин фарҳанги воло ҷонбозиҳо намудааст. Маълум аст, ки 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси якҷояги Тоҷикистон, Эрон Афғонистон, Озорбойҷон дар 64-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рўзи байналмилалии наврўз» қатъномаи ин созмони бонуфуз бо аксарияти овозҳо қабул гардида, Наврўз ба феҳристи ёдгории фарҳанги ҷаҳонӣ дохил шуд.
Тибқи қатъномаи зикршуда 21 март ҳамчун рўзи байналмилалии Наврўз эътироф гардид. Ҷаҳду талоши он давлатҳоро, ки иди наврўзро асрҳо боз ҷашн мегиранд, ҷиҳати нигоҳ доштан ва рушду такомул додани анъанаҳои марбут ба онро қобили таваҷҷўҳ дониста, ҳамзамон аз давлатҳои дигари аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварда шуд, ки дар бораи Наврўз иттилои бештар мунташир намуда, сарчашма, анъана ва таърихи пайдоиши ин иди бостониро мавриди таҳқиқ ва тарғиб қарор диҳанд. Мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврўз дар арҷгузорӣ ба фарҳанги ҳамдигар, таҳкими сулҳу субот ва равобити халқу миллатҳои мухталифи дунё сарфи назар аз қавму нажод, забону эътиқод ва тафаккур нақши муассир гузошта метавонад. Пазируфтани иди Наврўз ҳамчун иди байналмилалӣ аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доштани он далолат намуда, далели эътирофи тамаддуни куҳанбунёди ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад. Воқеан, Наврўз иди хеле қадимаи тоҷикон буда, таърихи он ба беш аз шаш ҳазор сол тўл мекашад. Дар ин муддатӣ тўлонӣ ин иди бузург борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию, фарҳангӣ ва бадситезҳои аҷнабиёну бадхоҳон рў ба рў шуда, таззодҳои мухталифи давру замонҳоро паси сар намуд.
Тавре аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ҳанўз ҷашни Наврўз дар аҳди Куруши Кабир ва салтанати Дорои Бузург дар толорҳои пурҳашамати тахти Ҷамшед, аз ҷумла қасри барҳавои Садсутун, бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ зиёда аз як ҳафта баргузор шуда, аҳли санъат ба он шукўҳи хоса мебахшиданд. Маросими баргузории ҷашнии Наврўз ва ба ҳузур пазируфтани намояндагони қавму миллатҳои гуногун дар деворнигориҳои таҳти Ҷамшед то имрўз побарҷо мебошад. Дар гузашта маросими суннатҳои Наврўз шаш рўз идома ёфта, аз ду қисм, яъне Наврўзи кўчак ва Наврўзи бузург иборат буд. Ниёгони мо барои ҳифзи анъана ва суннатҳои наврўзӣ дар мушкилтарин рўзҳо, дар ҳаводиси пурфоҷиаи таърих истодагарӣ карда, ҳуқуқи маънавӣ ва ормонҳои худро дар таҳлили он бо таҳаммулпазирӣ нишон дода, ин идро дар ҳама сатҳ аз фақирон то шоҳон бо шоистагӣ ҷашн мегирифтанд.
Яке аз суннатҳои неки Наврўз дар гузашта чунин будааст, ки бомдод рўзи аввали моҳи фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошиданд ва шакар ҳадя мекарданд. Суннати об пошидан бо нияти бахти сафед ва покизагиву оромии рўҳу ҷисм ва ҳадяи шакар маънои ширин кардани даҳонро дорад, ки аз ин Наврўз то Наврўзи дигар қалбҳо аз кинаву кудурат пок ва комҳо ҳамеша ширин бошанд. Баъди адои ин суннатҳо ба таҳияи хони наврўзӣ, яъне ҳафт шин ва ҳафт син мепардохтанд ва дар наврўзгоҳҳо ҳамчун рамзи хуршеди оламафрўз гулханҳои бузург меафрухтанд. Дастурхони Наврўзиро бо ҳафт номгў меоростанд. Ҳуруфи аввалини он бо ҳамсадои «Шин» сар мешуд. Яъне: шамъ, шароб, шир, шарбат, шакар, ширини ва шона иборат буд. Баъдан ҳафт «Син» низ ҷорӣ шуд. Яъне: сирко, суманак, сабзи, сумоқ, сир, себ, санҷит ва сипанд. Дар баъзе хонадон ба ҷои сумоқ ва сипанд, сабза, суманак ё самбўса ҳозир мекунанд.
Рўзҳои ҷашни Наврўз деҳқонон ба кишту кори баҳорӣ шурўъ менамоянд. Марди деҳқон дар ин рўз ба умеди ризқу рўзӣ донаи тухмро ба замин мепошад, ва умед мекунад, ки баҳори дигар аз самараи он истифода намояд. Дар ҳама ҷо ҳашарҳо, сайру гашти идона, базмҳои савту суруд, чорабиниҳои варзишӣ барпо мегардад ва дастархонҳои Наврўзӣ ороста мешаванд.
Бо назардошти андешаҳои баёнгардида возеҳ мегардад, ки Наврўз ифшогари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оийни ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар тўли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангии миллии моро дар худ ҳифз кардааст.
Боиси ифтихор аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин ҷашни суннати аз нав эҳё гардид ва ба иди умумимиллию байналмилалӣ табдил дода шуд ва дар таҳкими пояҳои давлатдории навини кишвар, инъикоси симои миллӣ, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории Ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши муосир гузошт.
Тайи чанд соли охир Наврўзи ниёкон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи баланд пайдо намуд, ки он воқеан барои мо тоҷикон мояи ифтихор ва сарфарозист.
Эй худованди замину осмон,
То банаврўзи дигар моро расон.
Ҷамил Валиев,
Китобхонаи миллии Тоҷикистон