Вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тиб . Пешгирӣ аз Covid 19

Баъд аз зӯҳри дирӯз бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии аъзоёни фаъоли шуъба бо кормандони соҳаи тиб баргузор шуд,  оид ба пешгирии бемории сироятии куруновирус (Covid 19) ва  бемории сил баррасӣ гардид.

Вохӯриро муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Раҷабзода Салима ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла гуфт: “Имрӯзҳо сар то сари ҷаҳонро бемории даҳшатбори сироятии  коронавирус, ки  бо номи илмии Covid 19 ёд мешавад, фаро гирифтааст. Мутаассифона, қишри бештари ҷаҳон ба ин вабои аср гирифтор гаштаву теъдоди муайян аз ин беморӣ ин дунёро падруд гуфтанд. То ба ҳол на воксани зидди ин бемории сироятӣ пайдо шудаву на доруи ягонаи он. Тибқи маълумотҳои Созмони тандурустии ҷаҳонӣ дар радифи давлатҳои гирифтор ба бемории вируси куруно ИМА дар мақоми аввал қарор дорад. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо намояндагони соҳаи тандурустиро даъват намудем, ки сари ин масъала бо шумо сӯҳбате хоҳанд дошт”.

Баъдан, суханрониҳои Тӯрахон Набиев - корманди Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО (вируси норасоии маснунияти одам”, Мирзоева Нозанин - духтури силшиноси Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, Раупов Фирдавс сардори шуъбаи дастурӣ –методии  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълими клиникии тибби оилавӣ”  шунида шуд.

Иштирокчиёни ин вохӯрӣ дар бораи COVID-19 ва роҳҳои пешгирии он ба ҳозирин маълумот дода, зарурати риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиро таъкид намуданд. Инчунин, табибони ҳозиқ тавсияҳои бамаврид барои сари вақт ошкор кардани бемории сил дар байни аҳолӣ, усулҳои асосии ташхиси лаборатории бемории сил, маърифатнокии аҳолӣ дар бораи нишонаҳо, пешгирӣ ва табобати сил, бемориҳои ҳамрадифи сироятӣ ва дигар паҳлӯҳои мубрами мавзӯи бемориҳои сирояткунанда сухан ронданд. 

 Дар поёни вохӯрӣ саволу ҷавоб ва табодули андешаҳо сурат гирифт, ки зимни он донишҷӯён ба саволҳои худ аз мутахассисони соҳа ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Фарзонаи МИРЗО