Китоби нав: “Таърихи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва назди Балтика”

 Китоби дарсии мазкур, ки аз ҷониби Пиралӣ Назаров таълиф шудааст, аз назари илми  таърих таҳия гардида, муаллифи он масъалаи таълими фанни Таърихи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва назди Балтика - ро ҳадафи омўзиш қарор додааст. Қимати таълимӣ ва илмии китоб аз он иборат аст, ки дар шароити муосири норасогиҳои адабиётҳои таълимӣ бо забони давлатӣ барои донишҷўёни факултаҳои таърих, таъриху ҳуқуқ  ва муносибатҳои байналмилалии мактабхои олии Ҳумҳурии Тоҳикистон пешниҳод мегардад.

Таърихи давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва назди Балтика аз рўи моҳият, ин таърихи собиқ ҷумҳуриҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ қарордошта мебошанд, ки баъди пош хўрдани ИҲШС истиқлолияти давлатӣ ба даст дароварданд ва аз роҳи интихоби озод дар шакли конфедерасия ИДМ- ро ташкил доданд.

Китоби дарсӣ барои донишҷўёни факултаҳои таърих, таъриху ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии  мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳама онҳое, ки ба илми таърих мароқ зоҳир менамоянд пешниҳод мегардад.

Таҳияи Исроил Иброҳимов,

мутахассиси  шӯъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ