Оинадори Фарангу Ховар
Нашр шуд 2020-04-07 11:09
Ин китоб аз мақолаҳо, нақду баррасӣ ва меҳрномаву шеърҳое фароҳам омадааст, ки ба 75-солагии адабиётшиноси маъруф, тарҷумашинос, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Абдурашид Самадов бахшида шудааст. Муаллифони нуқтасанҷ, ҳамкасбон, дӯстон ва шогирдон роҳи дар зиндагӣ ва ҳаёти илмию адабӣ содиқона тайнамудаи ин муҳаққиқи пухтакори тоҷикро бо самимият ва воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Абдурашид Самадов соли 1945 дар шаҳри Конибодом, вилояти Суғд таваллуд ёфта, соли 1961 мактаби миёнаро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии хешро баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 1966 аз вазифаи наттоқи телевизони тоҷик оғоз намудааст. Сипас, аз соли 1966 то соли 1967 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ адои хизмат кардааст.
Соли 1967 ба аспирантураи АФ РСС Тоҷикистон дохил шуда, фаъолияти илмӣ-педагогиро оғоз ва соли 1974 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Анварӣ ва ғазалиёти ӯ” таҳти роҳбарии профессор Расул Ҳодизода бомуваффақият ҳимоя намудааст.
Абдурашид Самадов сидқан сарфароз аз он аст, ки аз мактаби илмии бузургони аҳли сухан, қабили Ш. Ҳусейнзода, В. Асрорӣ, Б. Ниёзмуҳаммадов, М. Шакурӣ, С. Табаров, Ҳ. Каримов, И. Бечка, И. Брагинский, Гвахария, М.Н. Усмонов, Герсенберг, Я. Гордон, А. Афсаҳзод, А. Мирзоев, Р. Амонов, В. Бохтарӣ ва дигарон бархурдор гардидааст. Доираи фаъолияти илмии эшонро тадқиқи эҷодиёти классикони адабиёти форсу тоҷик, робитаҳои адабӣ, масъалаҳои тарҷума ва тарҷумашиносӣ, раванди таълиму тарбия дарбар мегирад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ба масъалаҳои номбурда Абдурашид Самадов дар дохил ва хориҷи кишвар монография, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ ва рисолаҳо ба табъ расонидааст.
Ӯ муаллифи беш аз 300 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла: 2 монография бо номи “Анварӣ” ва “Ғазалиёти Анварӣ” солҳои 1987 ва 1988, 2 китоб бо номи “Шигардҳои тарҷума” соли 2016 ва “Шарқ дар оинаи Ғарб” соли 2019, курсҳои лексия дар мавзӯи “Тарҷумаи ҳамзамон” ва “Тарҷумаи бадеӣ” ва зиёда аз 20 воситаҳои таълимӣ буда , бо кӯшишҳои ӯ чандин мақолаҳои илмӣ дар хориҷӣ кишвар низ чоп гаштаанд.
Исроил Иброҳимов, мутахассиси шӯъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ