Маҳфили «Дар суҳбати адиб». Мулоқот бо Абдусаттори Раҳмон

 Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҳфили «Дар суҳбати  адиб» бо иштироки шоири бачагон Абдусаттори Раҳмон баргузор гардид. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи меҳмон ва эҷодиёти вай мухтасар суханронӣ кард.  Хонандагони фаъоли шуъба аз эҷодиёти адиби хушзавқ шеърҳо хонданд. Миёни адиб ва хонандагон табодули афкор сурат гирифт ва ширкаткунандагон ба ҳама суолҳои худ посухҳои зарурӣ пайдо карданд.

Абдусаттори Раҳмон 16 –январи соли 1955 дар деҳаи Ҳоҷибулоқи шаҳри Ваҳдат дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 43 –и ҳамин шаҳр (1972) ва факултаи математикаи Донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанбе (1977) мебошад.

Абдусаттори Раҳмон фаъолияти омўзгориашро аз рўи тахасусаш дар мактаби № –25–и шаҳри Ваҳдат аз моҳи августи соли1977 оғоз намуда, аз моҳи марти соли 2012 то январи 2017 котиби масъули маҷаллаи бонувони шаҳри Ваҳдат – «Бахтофарони Ваҳдат» буд. Аз моҳи январи соли 2017 котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат мебошад.

    Шеърҳои аввалинаш, ки бештар аз ҳаёти бачаҳо ва ҳаҷв буд, дар рўзномаву маҷаллаҳои кўдакону наврасон ва маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ба нашр расида, дастраси хонандагон гаштааст. Маҷмўаи аввалинашро нашриёти «Маориф» соли 1984 бо номи «Амак шудам» аз чоп баровард, ки ашъори бачагонаашро дар бар мегирифт.

Маҷмуаҳои дигараш бо номҳои «Тағо ҷиян шуд» («Адиб»,1989). «Бибию бобои ман» ( «Адиб, 1989»), «Шакаррез» («Адиб», 1992), «Балои ҷон» («Ваҳдат», 1993), «Чорбоғ» («Афсона», 2000), «Обрўямро марез» («Адиб», 2003), «Меҳрпайванд» (“Адиб», 2008), «Ман аз кӣ калон?» («Адиб», 2006). «Тавба» («Маориф ва фарҳанг», 2009), «Резу чош» («Адиб», 2015), «Чанори пур аз лона» («Маориф», 2018) ва нахуст маҷмуаи насриаш бо номи «Пайки шодию алам» ба нашр расидааст. Ў инчунин, муаллиф ва мураттиби китобҳои «Ҳеҷ коре нест бе зан хуб шуд», «Рўйи олам гулшан аз рўи зан аст», «Баёзи меҳр», «Ҳадиси ваҳдат», «Гулхонаи ҷавонӣ» ва «Занҷираи тиллоии шеър» мебошад.

   Шеърҳояш бо забонҳо русиву ўзбекӣ ва гурҷӣ тарҷума шудаанд. Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2019), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1988) буда, аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

       Фирўза Раҳимова,

мутахассиси пешбари шуъбаи

кӯдакон ва наврасон