“Дастони моҳир” ва Рӯзи модар: Атфол дар бораи ин рӯз чӣ медонанд?

Рӯзи модар ва тифлон. Онҳо дар ин бора чӣ медонанд? Ин суоле буд, ки дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” ба хонандагони навраси толори хониши кӯдакону наврасон дар миён гузошта шуд.

Маълум шуд, ки аксари онҳо огоҳӣ доранд, ки рӯзи 8-уми март Рӯзи модар аст. Аксари атфол аз мактаб огоҳ шудаанд, ки дар ин рӯз бояд модарону хоҳаронашонро муборакбод кунанд.

Мавзуъи “Дастони моҳир” ҳам омода кардани табрикномаҳо ба модарону хоҳарон буд. Хонандагон ҳар кадом бо завқу салиқаи худ табрикнома омода карданд. Яке даруни коғағ расми гулҳои рангоранг кашиду дигаре бо суханон ва мисраъҳои шеърӣ модари худро табрик намуд.

Аммо аксари онҳо ҳам матни табрикот навиштаанд ва ҳам онро бо гулҳо оро додаанд.

Тасвирҳо ҷолибу диданӣ ва суханон хонданиву шуниданӣ буданд. Ҳар наврас аз диди худ модару хоҳарашро табрик мекард.