Ҳар сол аввали моҳи октябр тадорукоти зиёди ҷашнӣ дорем, ки яке аз он Рӯзи муаллим аст. Кӣ намехоҳад устодашро муборакбод накунад? Магар бошанд ин гуна инсонҳо? Гумон мекунем на. Ва агар ҳастанд, пас хеле каму ангуштшуморанд. Ва ҳар рӯз борони табрикот ба муаллим дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион меборад. Муаллим сазовор аст, ки номашро на танҳо як рӯз, балки ҳар рӯз ба некӣ ёд кунанд.
Ва мавзуъи маҳфили навбатии “Дастони моҳир” низ ба ҳамин рӯз ихтисос дошт. Дар маҳфил аввал шеърхонӣ карданд, муаллимро сутуданд, муборакбодаш карданд.
Сипас, ба суолҳо посух доданд. Хостем донем, ки наврасон дар бораи устодашон чӣ медонанд ва то куҷо муҳаббати онҳо самимист. Маълум шуд, ки аксари онҳо баъди падару модар устодро азизтарин шахс медонанд ва ин беҳуда нест. Ҳарфро аз устод омӯхтанд, навиштанро аз устод. Дарси ҳисобро устод барояшон ёд дод. Устод аст, ки одоби муоширатро барояшон омӯхт. Ва диданд, ки устод дар бораи одоб он чиро мегӯяд, ки волидонаш мегӯянд.
Дар поёни ин нишасти басо шавқовар аз ширкаткунандагон хоста шуд ҳар кадом табрикоте ба муаллимашон нависанд. Ва онро баъди анҷом маҳфил ба муаллимашон туҳфа намоянд.
Ҳар касе чизе навишт ва хеле самимонаву зебо навишт. Он навиштаҳои ороишёфта ба муаллими бачаҳо тақдим шуд.
Маҳфили навбатии “Дастони моҳир” ҳамин гуна хуш гузашт.
Муалим фахри даврон буду бошад,
Азизи хар як инсон буду бошад.
Ба қадри равшани кас мерасад шаб,
Чароғи нурафшон буду бошад.
Замира Давлатова,
мутахассис шуъбаи кўдакон ва наврасон