Муносибат ба дев. Оё дев аз аввал персонажи манфӣ буд?

 

Чаро  дев? Чӣ тавр ин вожа метавонад ба тағйири қавм таъсири амиқ бирасонад? Охир, аз рўйи ақидаи хурофотӣ ин дев беш аз як ғўл (гул) нест. Тибқи гузориши фарҳангу доиратулмаорифҳо ин дев маҳлуқест болобаланду калонҷусса, пурзўру тавоно. Ин тавсиф дар тўли садсолаҳо бо эҷоди устураву афсона, адабиёти даҳанию хатии мардумони эронинажод ба миён омада, ба фарҳанги ҳамсояқабоил низ нуфуз намудааст. Афзуда аз ин, вожаи «дев» хеле қадимист. Дурустии ин ақидаро луғоти мардумони Урупо, ба вижа юнонию русӣ таъйид мекунанд. Имрўз ҳам номи ин вожа ба юнонӣ Zeus  (Зевс); ба русӣ «дев», ба санскрит daevah  аст. Муҳим он аст, ки вожа дар офариниши мафҳумоти дигар ҳамчун реша хидмат намуда, забонҳои зиндаро дорою  рангин намудааст. Чунончи, дар забони русӣ аз ин реша калимаҳои: дивный, диво, дьявол ва амсоли инҳо пайдо шудаанд. Маънои daevah - и санскритӣ «дурахшидан», «рўшанӣ дидан» аст. Ҳиндуҳо боз худое доранд бо номи diaus, ки Осмонро ифода намуда, аз ҳамон  Zeus - и ориёӣ реша мегирад.

  Таваҷҷўҳ намудед? Дар ин забонҳо аз решаи «дев» маҳфумҳое сохта шудаанд, ки ағлаб ҷиҳати некӣ доранд. Дар забони форсии  тоҷикӣ муносибат ба ин калима аз ҳамон адвори қадим тамоман дигар будааст. Ин ҷо, яъне дар забони тоҷикӣ бештар (шояд 99 дар сад) мо  бо мафҳумҳое дучор меоем, ки танҳо ҷиҳати бадиро ифода менамоянд: девдил, девона, девонагӣ, девпо, девсимо ва ғайраҳо. Бузургони адабиёти форсу тоҷик низ симои мухталифи девро офаридаанд. Ин деви бебахт дар достону шеърҳо ғазал ва осори насрӣ гаҳ ҷодугар асту ситамгар, гаҳ аблаҳ асту мардумозор:

                                   Яке дар ҷодуӣ бо дев ҳамбар,

                                   Яке аз аблаҳӣ бо хар бародар!

ё худ:

                                   Магар гургӣ, ҳама касро зиёнкор ?!

                                   Магар девӣ, зи некӣ гашта безор?!-

овардааст Фахриддини Гургонӣ.

 

                                   Гар нишинад фариштае бо дев,

                                   Ваҳдат омўзаду хиёнату рев,

мегўяд Саъдии Шерозӣ.

    Ҳамчуноне мебинед, симои ў бо симои шайтон, ифрит, ғул ва Аҳриман омезиш ёфта, ба ў,  яъне ба дев ҳамеша зиштию ҳавл ҳамроҳ аст.

   Бояд ҳақҷўй бошем. Чунин фаҳмиш бо нахустмафҳуми «дев» созгор нест. Дар айёми ориёиҳо ин вожа мафҳуми бадӣ ва манфиро ифода намекард. Охир ин «дев» замоне барои ниёкони мо ҳам яке аз худоёни бузург буд. Чунончи, Зевс ҳанўз  аз соли 1500 то милод дар байни юнониён ба ҳайси Девхудо шинохта мешуд. Худнамоии ин Зеус тавассути бисьёр устураҳо дар асотири юнониён аз ин ҷост. Симои ў дар «Иллиада» ва «Одиссея» - и Ҳомер инъикос мешавад. Дар ин осор илова бар чеҳраи худоёнаи Зевс тариқатномаи худоён, ҳақпарастию ихлосдўстии онон ифода меёбад. Симои Зевс дар осори Гесиод (асрҳои VIII –VII то мелод) низ хеле барҷаста офарида шудааст. Гесиод Зевсро ҳамчун худои тавонову муҳофизатгари доимии ҳақиқат тавсиф менамояд.

   Хулоса, «дев» дар ибтидо як зуҳуроти ошкору воқеӣ буд. Дар «Таърихи Табарӣ» ишорае мавҷуд аст, ки он замоне ба мисли одамони дигар ошкоро будану ҳамдигарро дидани деву париро таъкид менамояд: «Ва бештарини ин уламо чунин гўянд андар таърихҳо, ки деву парӣ аз аввал ошкоро будандӣ ва якдигар дидандӣ ва дўстию душманӣ ва оштию ҳарб зоҳир будӣ …»

   Ба ҳамин тариқ бо гузашти айём, баъди ба Эрону Ҳиндустон рафтани қабоили орёӣ муносибат ба дев байни қавми эронӣ тағйир меёбад. Ва чунин ҳол дар замоне  рух дод, ки юнониҳо ўро ба ҳайси Худо ҳифз мекунанд ва пешгузаштагони русҳо ба ҷиҳатҳои неки ин девхудо таваҷҷўҳ зоҳир намуданд. Дар забони русӣ (азбаски русҳои он давр бо сакоиҳо яке буданд) чанд калима: демон, дявол мафҳуми бад доранд. Пас чаро порсизабонҳо аз паҳлўҳои неки ин вожаи «дев» огаҳӣ надоранд?   

Посухи ин суолро шумо метавонед аз мутолиаи китоби Раҳимҷон Шарофзода  “Турон” пайдо кунед. Китоби мазкур соли 2006 чоп шуда, ҳоло онро метавон дар толори хониши кӯдакон ва наврасон пайдо ва мутолиа намуд.

Уғул Бобораҳимова,

 мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон