Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши аввал
Нашр шуд 2020-09-17 08:34
Тамаддунҳо садо доранд ва ин садои онҳо аз қаъри асрҳо то ба замони мо таввассути оҳангу таронаҳои асил, навҳаву сӯгвориҳо, қиссаву достонҳо омада расидаанд. Нолаи умедворонаи модари тоҷик дар сари гавҳора, захмаи устоди танбӯрӣ, нохунзаниҳои пурпечутоби думбранавози кӯҳистонӣ, навои ҳазини найи чӯпонӣ,наъраҳои карнай ва ғул ғулаи нағораҳои базмӣ,суруди «Ёр – ёр»-и тӯйҳои арӯсӣ, фарёди шабоҳанги марди хирмандкӯб, нидои баландовози фалакхониҳо,тамкину сабурии авҷҳои «Шашмақом» ин ҳама садои тамаддуни мост, ки дар ҳар гардишу фуроварди онҳо садҳо варақ ахбори ниҳонии таърих сабт гардидаанд. Ин навоҳо ба мо аз гузашта қисса мекунанд, аз саргузашти дурру дароз.
Дар навои дутор ва овози марғуладори устоди Гӯрӯлӣ қиссаҳои душвори ватандорӣ ва корнамоиҳои паҳлавони шуҷоатманд баҳри ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ инъикос карда шудаанд. Фалакхониҳо – таҷассуми эҳсоси бузургии мутлақи осмону замин, асрори ошкорнашавандаи азал ва қисмати ноаёни Инсон ба шумор мераванд ва зимни эҷоди ҳазорон байту рубоиву бо нолаҳои дилхарош сароидани онҳо, аҷдодони мо ҷафхонбинии амиқ ва тафаккури олии зебоишиносии хешро ифода мекарданд.
Дар ин ҷода даъвати Сарвари давлати Тоҷикистон Э. Раҳмон оид ба моҳияти бузурги омӯхтани тахрихи фарҳанги халқи тоҷик дар роҳи худоогоҳии миллӣ ва устувор намудани ваҳдати ҷомеа нақши арзандаро иҷро намудааст.
Президенти Тоҷикистон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи тарих» чунин навиштааст «Афроде, ки аз сарништи миллат ,таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бои фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надорад, ҳеч гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонад».
Тоҷикон яке аз миллатҳои тамадунсози олам ба шумор мераванд ва таърихи тамаддуни мо зиёда аз панҷ ҳазор солро дар бар мегирад. Дар замини куҳанбунёд аз қадиммулайём ҳунарҳои мардумӣ – оҳангарӣ, заргарӣ, наққошӣ, кандакорӣ, сафолгарӣ,меъморӣ,шишасозӣ, бофандагӣ ва ғайра ривоҷу равнақ пайдо кардааст.
Мусиқии дунёи қадим
Дар таърихи фарҳанги мусиқии тоҷик яке аз аввалинҳо шуда Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино дар асари мусиқӣ бахшидаи худ «Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ» доир ба сабабҳои пайдоиши садо ё худ овоз дар табиат ақидаи хеле ҳам ҷолиберо баён кардааст. Ӯ сараввал таъкид менамояд, ки амали овозбарорӣ ё худ садодиҳӣ дар байни мавҷудоти зинда тибқи зарурати табиӣ пайдо шудааст, зеро кули намудҳои ҳайвонот эҳтиёҷ ба он доранд, ки ба воситаи садо ба ҳамдигар ахбори заруриро расонанд.Чунон ки маълум мешавад, Ибни Сино овоз ё худ садоро воситаи асосӣ, аниқтараш шарти асосии ҳаёт ба сар бурдани воситаи асоси ҳаёти зинда ба сар бурданро мешуморад.
Дар охири асри 20 –ум дар илми мусиқашиносӣ як равия тоза - антрологияи мусиқи ба вуҷуд омад – яъне гуногуншаклии оҳангу таронаҳои мардумиро вобаста ба хусусиятҳои этникӣ,иҷтимоӣ ва нажодиву ҷуғрофии аҳолии манотиқи гуногун таҳқиқ менамояд.
Дар тавсирҳои баъдинаи Авесто ба забони паҳлавӣ, ки онро Зенд-Авесто мегуфтанд, нақши мусиқи боз ҳам бештар ба назар мерасад. Аз ин пас иҷрокунандагони Готҳоро «зандхон» ё “зандвоф” ном мекарданд, яъне ба ибораи имрӯза гӯем, дар ҳамин давра гурӯҳи махсуси “ровиёни Авесто” пайдо шуданд. Ин нафарон бино ба ахбори сарчашмаҳои таърихӣ бояд ҳатман садои хуш дошта бошанд ва ин қабл аз ҳама аз моҳияти хоси ҳунари сарояндагӣ, маҳорати олӣ ва сифати форами овози зандхон дарак медиҳад...
(Идома дорад)
Таҳияи Саодат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар. Аз китоби Аслиддин Низомӣ: “Таърихи мусиқии тоҷик”. Душанбе, “Адабиёти бачагона”, 2014 .