Фирӯза Аҳророва-гардонандаи маҳфили “Дастони моҳир” мегӯяд ин як маҳфилест, ки ба зеҳни кӯдакон кор дорад. Ҳадаф ҷалби хонандагони наврас ба он ки бияндешанд. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳар мавзӯъи ин маҳфил дар зеҳни наврас чизеро ҳатман бедор мекунад ва ӯро водор месозад, ки ба корҳои созандагӣ майл пайдо кунад.
Ва ин бор мавзӯъи “Хӯрусаки тоҷбасар” интихоб шуд. Оё ширкаткунандагон маълумоте дар бораи он доранд? Ин нахустин суолест, ки бо он ба иштирокдорон муроҷиат мекунанд ва якояк андешаҳои худро баён месозанд. Мураббиро лозим меояд изҳори назарҳоро бодиққат шунавад ва баъдан атрофи онҳо фикри худро бигӯяд.
Маъмулан хонандагон роҷеъ ба ҳар мавзӯъ назари худро доранд. Дар ҳоле, ки хоҳишмандони ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” зиёданд, ҳангоми мутолиаи китобҳо ҳатман, ки ба вожаи хурӯс вохӯрдаанд ва дар бораи ин ҷонвар медонанд.
Вале боз ҳам на ҳама онро дидаанд. Дар шаҳр маъмулан мурғпарварӣ манъ аст ва хонандагон ҳам бештар дар бораи он аз китобҳо хондаанд ва ё дар филмҳои тасвирӣ дидаанд.
Баҳсе доир шуд атрофи хӯруси тоҷбасар ва андешаҳро Фирӯза Аҳророва таҳлил намуд. Билохира, тибқи тасаввуроти ҳосилшуда хонандагон аз маводҳои конселярӣ хурӯси тоҷбасарро сохтанд ва ё расми онро наққошӣ карданд.
Замира ДАВЛАТОВА, мутахассиси шуъбаи
кудакон ва наврасон