Оё бачаҳо медонад қатор чист ва оё касе аз онҳо бо қатор сафар кардаанд? Ин ду суол дар аввали маҳфили “Дастони моҳир” ба ширкаткунандагон ироа шуд, то мураббиён донанд, ки бачаҳо дар ин бора чӣ тасаввурот доранд. Маълум гардид, ки ҳама бо ин мафҳум ошноянд, қаторро дидаанд, дар бораи он маълумоти рушану норушон доранд. Пас шуруъ шуд муаррифии бештари қатор.
Қатор як гуна аз воситаи ҳамлу нақлест, кт тавассути роҳи оҳан ба ҳаракат меояд. Таърихи пайдоиши аввалин қатор соли 1825 сабт шудааст ва гуфта мешавад, ки 27 сентябри он сол роҳи оҳани ҷамъиятии Стоктон-Дарлингтон оғоз ба кор кард. Аввалин қаторро дар он Локомотиве кашид, ки аксаш ҳамоно дар таърихномаҳо дида мешавад. Аммо барои сохтани ҳам қатор ва ҳам локомотив аҳ қабл кор шуруӯ шуда буд.
Дар замони ду навъи қатор ҳамоно маъмул асту вуҷуд дорад: мусофиркаш ва боркаш. Ин ду навъро мо дар Тоҷикистон ҳамарӯза мебинем ва мушоҳида мекунем.
Илова ба ин қатори зиреҳпӯш ҳам ҳаст, ки чуноне аз номаш пайдост қатори ҳарбист ва аз он танҳо ба дар корҳои низомӣ истифода мешавад. Ин қаторро дар ҷангҳо, ҳангоме, ки хати ҷанг аз роҳи оҳан убур кунад, истифода мекунанд ва он бо муҳимтарин силоҳҳо муҷаҳҳазонида шудааст. Аммо дар замони мо чун соҳаи ҳавопаймоии ҳарбӣ ташаккул ёфт, нақши қаторҳои зиреҳпӯш камтар шуд ва аз онҳо танҳо ба хотири интиқоли силоҳу муҳимоти ҷангӣ истифода мешавад.
Қатори роҳи оҳанро бригадаи локомотивӣ на кам аз ду нафар идора мекунад. Ба қатори мусофирӣ ғайр аз ин, роҳбаладон ва дар мавриди зарурӣ кормандони дигар низ хизмат мерасонанд. Қаторҳо асосан дар сатҳи калони роҳи оҳан мувофиқи ҷадвали ҳаракат ва нақшаи муайян тартиб дода мешаванд.
Вазни қатор ва дарозии онро вобаста ба қувваи кашиши локомотив ва андозаҳои ҷои қабулу раҳсипор кардани қатораҳо муқаррар мекунанд. Массаи қаторҳои мусофиркашонӣ то 1000 – 1200 тона, қатораҳои боркаш то 6000 – 10 000 тона, суръати калонтарини имконпазир барои қаторҳои мусофирбарӣ то 160 км / с (дар баъзе қитъаҳои роҳ то 200 ки / с ва зиёда аз он), барои қаторҳои боркаши тезгард то 100 – 120 км / с, барои қаторҳои боркаши муқаррарӣ бошад то 80 – 100 км / с мерасад. Ҳар як қатор рақами худро дорад: қаторҳои як самт рақами ҷуфт, қаторҳои самти муқобил бошад рақами тоқ доранд.
Баъди суолу ҷавоби ниҳоӣ ба ширкаткунандагон супориш дода шуд, ки аз коғазҳо қатор созанд ва ё онро наққошӣ кунанд.
Шаҳноза Дониярова,
сармутахассиси Шуъбаи кўдакон ва наврасони КМТ