Даъвати хонандагон ба толори хониши кӯдакону наврасон

Кормандони шуъбаи кӯдакон ва наврасон дар доираи барномаи “Даъват ба Китобхона” рӯзе қабл вориди мактабҳои таълимоти умумии рақамҳои 24, 49, 74, 76-и пойтахти кишвар шуданд ва бо устодону хонандагон мулоқот карданд.
Дар мулоқот бештар дар бораи толори хониши кӯдакону наврасон суҳбат карданд ва аз бачаҳо хостанд дар рӯзҳои таътили тобистона вақти худро сарфи китобхонӣ дар ин толор кунанд.
Ба онҳо гуфтанд, ки толори хониши кӯдакону наврасон ҳама шароитҳоро барои мутолиаи шавқовартарин китобҳо дорад, муҳим рафтану нишастану хондан аст. Дар ин шуъба хонандагон боз метавонанд аъзои маҳфилҳо бошанд ва дар мулоқот бо адибону ҳунармандон ширкат кунанд.
Дар мулоқот дар бораи таърихи Китобхона, толорҳои гуногуни хониш, дарсҳои забономӯзӣ ва ғайра низ сухан рафт.
Дар хотима, баъди анҷоми бахши пурсишу посух ба хонандагон китобчаҳои таблиғотӣ тақсим карданд.