Китоби Умринисои Султон бо фотеҳаи Ҷӯра Ҳошимӣ

 Шоира ва табиби мардумӣ Умринисои Султон зодаи води Зарафшон аст. Соли 1953 ба шаҳри Душанбе омадааст. Интернати духтаронаи 10 – умро соли 1959 ва шуъбаи филологияю таърихи Донишгоҳи омўзгории ба номи С. Айниро соли 1965 хатм кардааст.

 Ҳангоми дар мактаби миёна ва донишгоҳ таҳсил карданаш ба эҷоди шеър пардохтааст. Аввалин чакидаҳои хомаи ў дар саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ замони донишҷўй буданаш интишор ёфтаанд. Сонитар намунаҳои беҳтарини ашъораш дар китобҳои дастҷамъии «Шоираҳои боистеъдод» ва «Кокули бом» ба табъ расидаанд.

 Соли 2008 тавассути нашриёти «Ирфон» китоби адиба бо номи «Чашмаи илҳом» чоп шудааст, ки як силсила шеъру суруд ва мақолаҳои ўро ба тиб фаро гирифтааст.

 Китобчаи «Хониш – чароғи дониш» тўҳфа барои наврасон аст. Шоира бо чунин мисраҳо ба бачаҳо муроҷиат мекунад:

            Бо шумоён, эй наврасони кишварам,

            Менамоям аз дилу ҷон ифтихор.

            Ҳар яке ҳастед чун болу парам,

            Доимо бошед шоду бахтиёр.

 Барои Умринисои Султон тандурустии пойдор ва илҳоми саршор орзу мекунем ва умедвори онем, ки ў минбаъд барои кўдакон шеърҳои беҳтару хубтар эҷод мекунад.

                                                              Ҷўра Ҳошимӣ

                                                      Раиси Шўрои адабиёти

                                                      Кўдакон ва наврасони Иттифоқи

                                                      нависандагони Тоҷикистон  

 

Ин шеър аз «Хониш – чароғи дониш»:

Шукрона

Шукрона мекунам ман,

Шукронаи замона.

Васфи Ватан сароям,

Бо шеъру бо тарона.

 

Шукрона менамоям,

Аз бахти созгорам.

Аз умри дидаи хеш,

Аз файзи рўзгорам.

 

Дорам баҳои дунё,

Фарзандҳои зебо.

Меросдори моянд,

Аз Рўдакию Сино.

 

Ваҳ – ваҳ чӣ хуш, азизон,

Ин Хусраву Ҷамила.

Ёрирасони модар,

Гулбаҳору Фазила.

 

Зебунисову Саъдӣ,

Ғамхору ғамбароранд.

Чун ғунчаҳои бахтанд,

Маънии рўзгоранд…

Хонандагони гиромӣ шумо метавонед китоби мазкурро аз шуъбаи кўдакон ва наврасон Китобхонаи милли Тоҷикистон дастрас намуда, бихонед.

Таҳияи Саидғуфрон Шарифӣ,       

  мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон: