Табрикоти хурдсолон ба бузургсолон

Дар барномаи навбатии “Дастони моҳир”, ки рӯзе қабл доир гардид, хонандагон тарзи омода кардани табрикномаҳоро омӯхтанд. Аслан ин бор мавзуъ тибқи дархости худи ширкаткунандагон сурат гирифт.
Бачаҳо ҳар кадом мехоҳад волидон, бародарону хоҳарон, дӯстон ва хешу ақрабои худ ва ҳамсоягонашонро ба ин ё он муносибат табрик кунанд. Ва табиист, ки ҳар боре ҷашневу маросиме пеш меояд, илова ба он ки туҳфа мехаранд, ниёз ба навиштани чанд ҷумлаи табрикӣ ҳам доранд.
Гузашта аз ин номаи табрикиро чӣ гуна бояд оро дод ва онро ба кадом тартиб бояд фиристод?
Инҳо суолоте буданд, ки вақте мавзуъ матраҳ шуд, дар сари аксар чархид. Мураббиёнро лозим омад аввал бачаҳоро дар бораи худи табрикот ошно кунанд. Баъдан аз онҳо пурсанд, ки кай ва ба кадом муносибат касеро табрик карда будданд.
Ба онҳо гуфта шуд, ки дар пеш Рӯзи ҷавонон дорем ва имсол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шуд. Табиист, ки бачаҳо дар ин рӯзҳо мехоҳанд ҳамдигар ва дӯстонашнро ба
муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намоянд.
Сипас, ширкаткунандагон аз коғазҳои ғафси ранга бо истифода аз қаламу ширешу қайчӣ ва ҷадвал ба хубӣ аз уҳдаи омода намудани табрикномаҳо баромаданд.
Дар ҷараёни иҷрои ин супориш боз миёни онҳо шеъру сурудхонӣ низ доир карда шуд ва бачаҳо бештар дар мавзуъи ҷавониву Ватану Ваҳдат шеъру байтҳо хонданд. 
Ҳар чизе тайёр карда буданд, бо як ҷаҳон хурсандӣ барои апаҳову бародаронашон бурданд.