Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз. Бахши сеюм.
Истилоҳоти мусиқӣ дар ашъори шоир ба дараҷаест, ки бархе аз ҳофизшиносон ўро мусиқидон донистаанд ва далелашон аз як сў, корбурди истилоҳоти мусиқӣ бошад, аз сўи дигар, худи вожаи «Ҳофиз» аст, ки маънии овозхон, ромишгарро низ дорост (364, 57). Аммо аксари ҳофизшиносон ин ақидаро рад намуда, вожаи «Ҳофизро»-ро ба маънии азбаркунандаи Қуръон медонанд (367, 213). Муроди мо ин ҷо муайян намудани мусиқидонии Ҳофиз нест. Шоир мусиқиро монанди май ба сифати як манбаи шодиафзо дар назар дорад ва дар чандин абёт, ки аз соқӣ талаби май мекунад, дар баробари он аз мутриб низ навое суроғ дорад...
3. Май ва мутриб
Бино ба қавли Муҳаммад Иброҳими Қайсарӣ «Яке аз мутифҳои муқаррар дар шеъри Ҳофиз ҳадиси маю мутриб аст, ки дар замири худ таъбирот ва таъвилоти сумбулик ва маънавӣ дорад» (149,31). Ин мутифро метавон идомаи мутифи «Бода – манбаи шодию хушдилӣ» донист, зеро мусиқӣ низ монанди бода табъи инсонро хуш мекунад ва ба шодии ў шодди меафзояд. Ҳофиз ба мусиқӣ рағбати тамом дорад ва дар ашъораш ба созу оҳанг ва олотҳои он борҳо ишора намудааст, ки яке аз муҳаққиқони ашъори ў китобе бо унбони «Ҳофиз ва мусиқӣ» навиштааст. Истилоҳоти мусиқӣ дар ашъори шоир ба дараҷаест, ки бархе аз ҳофизшиносон ўро мусиқидон донистаанд ва далелашон аз як сў, корбурди истилоҳоти мусиқӣ бошад, аз сўи дигар, худи вожаи «Ҳофиз» аст, ки маънии овозхон, ромишгарро низ дорост (364, 57). Аммо аксари ҳофизшиносон ин ақидаро рад намуда, вожаи «Ҳофизро»-ро ба маънии азбаркунандаи Қуръон медонанд (367, 213). Муроди мо ин ҷо муайян намудани мусиқидонии Ҳофиз нест. Шоир мусиқиро монанди май ба сифати як манбаи шодиафзо дар назар дорад ва дар чандин абёт, ки аз соқӣ талаби май мекунад, дар баробари он аз мутриб низ навое суроғ дорад:
Соқӣ, ба даст бошад, ки ғам дар камини мост,
Мутриб нигоҳ дор ҳамин раҳ, ки мезанӣ.
Соқӣ, ба бениёзии риндон, ки май бидеҳ,
То бишнавӣ зи савти муғаннӣ ҳувалғанӣ. (29,653)
Шоир муғанниро ба базм даъват мекунад, то «мутрибу май ҷумла муҳайё» бишавад ва худ гоҳо мастона суруд хонда, ба Кайхусраву Ҷам паём мефиристад:
Биё, соқӣ он май, ки аксаш зи ҷом.
Ба Кайхусраву Ҷам фиристам паём.
Бидеҳ, то бигўям ба овози най,
Ки Ҷамшед кай буду Ковус кай. (32,377)
Ва:
Чу мастам кунӣ аз майи беғашат,
Ба мастӣ бигўям суруди хушат. (32, 378)
Ва :
Чу Ҳофиз, ки мастона созад суруд,
Зи чархаш диҳад Зўҳра овози руд. (32, 378)
Шоир аз мутриб тақозои он дорад, ки навое навозад, то сўфӣ ҳолатеву ваҷде пайдо кунад ва дар ҳолати мастӣ ба висоли ҷононаш бирасад:
Раҳе зан, ки сўфӣ ба ҳолат равад,
Ба масти васлаш ҳаволат равад. (32, 379)
Илова бар «Соқинома» лобалои девони шоир «ҳадиси мутрибу май» аст ва шоир худ тавзеҳ медиҳад, ки килки ў танҳо «нақши мутрибу май мекашад»:
Мабодо ҷуз ҳисоби мутрибу май,
Агар нақше кашад килки дабирам. (29, 451)
Мухаммад Иброҳим Қайсарӣ менависад: «Бо инояти таърифе, ки аз «Соқинома» доштем, агар масъалаи вазну баҳри онро канор бигзорем, бештарин қисмат аз пайёми ғазалиёти Ҳофизро метавон дар радифи «Соқинома» қарор дод» (149, 66)
4. Тавсифи бода
Ин мутиф дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ собиқаи куҳан дорад ва дар шеъри Ҳофиз ба худ тобишҳои нав ба нав гирифта, ки бидуни тардид метавон девони Хоҷаро нуктаи камолоти он донист. Ҳофиз бодаро ҳамаҷониба меситояд, яъне тамоми хусусиятҳои бода (ранг, маза, бўй…) дар мавриди назари шоир аст:
Бодаи гулранги талхи тези хушхори сабук,
Нуқлаш аз лаъли нигору нақлаш аз ёқути хом. (29, 418)
Шоир бо корбурди санъати сифатчинӣ панҷ сифатро паёпай барои барои қоил шудааст: рангаш монанди гул, маззааш талхи тез, аммо хушхўру зудҳазм (сабук), нуқлаш (маза) ҳамсони лаби маҳбуб (лаъли нигор) ва нақлаш (қисса) ҳамвазни ёқути хом (истиора аз шароби сурх). Ҷойи дигар панҷ сифатро ба духтари раз (истиора аз бода) нисбат додаст:
Духтари шабгарди тунду талху гулранг асту маст,
Гар биёбедаш ба суи хонаи Ҳофиз баред. (32, 387)
Шоир мафҳуми «духтар»-ро бо чанд сабаб истиора барои шароб баргузидааст:
а) Духтари шабгард – шаробро асосан дар майхонаҳо шабона менўшанд;
б) Тунду талх – мурод аз тундию талхӣ аз як сў дашномидиҳию бевафоии духтар (маъшуқ) бошад, аз сўи дигар, он маззаи шароб аст;
в) Гулрангӣ хоси ҳар ду ҳам духтар (ду рухсораш ҳамранги гул) ва ҳам шароб (мурод сурхии шароб) аст;
г) мастӣ низ сифати ҳам духтар асту ҳам шароб, яъне маъшуқ, ки май нўшидаву маст гашта ва шароб худ маст аст. Чунон ки Мавлоно мегўяд: «Бода аз мо маст шуд, не мо аз ў». Ҳофиз низ борҳо сифати мастиро ба шароб додаст: «Пайдост аз ин шева, ки маст аст шаробат…» Ҷойи дигар сифати «бикрӣ» ва мастурию мастиро ба ин «духтар» додаст:
Биё, соқӣ он бикри мастури маст,
Ки андар харобот дорад нишаст. (32, 378)
Бикрию душизагӣ нишонаи духтарҳост, агар бикр нест, пас вай зан аст, на духтар ва мастурӣ (пинҳон пўшида) низ хоси духтарҳост. Шароб низ бикр асту мастур ва маст. Шоир аз он сабаб ин авсофро барои духтари раз қоил шудааст, ки хумнишин аст. Шароб то он даме, ки дар хум аст, бикр асту мастур, яъне то он даме, ки сари хум ё кўзаро накушодаанд, ё ба таъбири дигар, аз он кўза «фуқаъкушоӣ» накардаанд.
Ҳофиз ба бўйи май низ таваҷҷўҳи хос дорад ва онро баробар ба бўйи мушк медонад:
Биёр з-он майи гулранги мушкбў ҷоме,
Шарори рашку ҳасад бар дили гулоб андоз. (29, 357)
Ва гоҳе ба бўйи бода, ки сифати шифобахшӣ дорад, дафъи хумор мекунад:
Эй бод, аз он бода насиме ба ман овар,
К-он бўйи шифобахш бувад дафъи хуморам. (29, 439)
Шароби Ҳофиз талхмаза аст ва шароб воқеан маззаи талх дорад, аммо дар соҳати дурунмаънӣ мурод аз талхии май чизи дигар аст. Чунончи, дар ин байт:
Он талхваш, ки сўфӣ умулхабоисаш хонд,
Ашҳолано ва аҳло мин қублатулузоро. (29, 8)
Зоҳиран шоир мегўяд: он шароби талх, ки сўфӣ модари палидиҳо медонад, барои ман аз бўсаи дўшизагон ширинтар аст. «Талхваш», яъне майи талх дар соҳати дурунмаънӣ метавонад ба чанд маънӣ қобили қабул бошад: Аввалин шароби талх метавонад «шароби ҳақ» бошад, зеро «ҳақиқат талх аст». Сўфӣ майи талх (майи ҳақ)-ро аз шароби талхи ҳаром, ки Расули акрам (с) онро модари палидиҳо хондааст, фарқ намекунад. Сўфӣ, ки гирифтори зўҳди хушк аст, дар ин қиёс ба роҳи хато рафтааст. Сониян, бодаи талх метавонад сабр бошад, зеро сабр низ монанди шароб талх аст. Солисан, маънойи асосии бода ва ё шароби талх назди орифон ишқ аст. Ишқ бо ранҷу дард ва андўҳ тавъам аст ва коми ошиқ низ пайваста талх асту роҳи ишқ бекарона. Ҷойи дигар ба ҳамин маънӣ мегўяд:
Шароби талхи сўфӣсўз бунёдам бихоҳад бурд,
Лабам бар лаб неҳ, эй соқию бистон ҷони ширинам.(29,483)
Сифати «сўфисўзӣ» доштани шароби талх аз он ҷиҳат аст, ки зўҳди хушкро месўзад ва танҳо он вақт сўфӣ ё зоҳид метавонад аз манзили зўҳд ба манзили ишқ ё худ муҳаббат гузар созад. Ҳамин сифати «сўфисўзӣ»-и шароби талх далолат бар он дорад, ки мурод аз шароби талх ишқ аст.
(Идома дорад)
Бознашр аз китоби Шарифмурод Исрофилниё “Хамриёти Ҳофиз”, Душанбе, 2010
Рӯйнависи Замира Давлатова